Татбиқи «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ гардид

Август 10, 2022 10:41

ДУШАНБЕ, 10.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. 9 август дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, муовини якум ва муовинони Вазири маориф ва илм, роҳбарони сохторҳои вазорат, шарикони рушд, ректорон ва ноибони ректори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, омӯзгорон ва мутахассисони соҳаи маориф ширкат варзиданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иброз дошт, ки маориф ва илм дар низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол аз самтҳои муҳим ва стратегии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардида, таҳти дастгирии ҳамешагию ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

«Қабули «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» сабаби он гардид, ки заминаҳо барои таҳкими ислоҳоти низоми маориф, пайгирӣ аз ҳадафҳои наҷиби давлатдории миллӣ фароҳам омада, дар кӯтоҳтарин фурсат илм ва маориф дар Тоҷикистон бо низомҳои пешқадами таҳсилоти ҷаҳонӣ ҳамқадам гардонида шаванд»,-зикр намуд муовини Сарвазири кишвар.


Муовини якуми Вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода изҳор дошт, ки роҳбарияти вазорат шурӯъ аз рӯзҳои аввали фаъолият ба татбиқи «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, барои иҷрои бандҳои Нақшаи миёнамуҳлати амал барои солҳои 2021–2023 бо роҳбарии муовини якуми вазир Ситоди назорати иҷрои Стратегия таъсис дод. Ситоди мазкур вазифадор карда шудааст, ки иҷрои бандҳои ин санади муҳимро аз ҷониби раёсату шуъбаҳо ва муассисаҳои зерсохтори вазорат назорат намуда, доир ба амалишавии онҳо тадбирҳои зарурӣ андешад.

Вазорати маориф ва илм зимни таҳияи лоиҳаи Стратегия ва дар раванди амалишавии он бо шарикони рушди соҳаи маориф ҳамкории судманд ба роҳ монд. Айни ҳол барои амалигардии ин Стратегия дар баробари маблағҳои буҷети давлатӣ ҳамчунин маблағҳои ташкилоту бонкҳои Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф- Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Исломии Рушд, Бонки Осиёии Рушд, ЮСАИД ва Иттиҳоди Аврупо равона шудаанд, ки ин маблағҳо тавассути ташкилоту созмонҳои ЮНИСЕФ, ЮНЕСКО, Лоиҳаи Таҳсилоти босифати Иттиҳоди Аврупо ва дигар ташкилот дар соҳаи маориф истифода гардида истодаанд.

Баъд аз маросими ифтитоҳи конференсия аз ҷониби намояндагони муассисаҳои тобеи вазорат натиҷаҳои бадастомадаи лоиҳаи «Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» муаррифӣ гардиданд. Ҳамчунин дар ин замина платформаи «Китобхонаи электронӣ (www.marifat.tj)» аз тарафи директори Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Вазорати маориф ва илм Абдураҳмон Гулзода муаррифӣ гардид. Ҳадафи он фароҳам овардани дастрасии осон ва кор бо нусхаҳои рақамии захираҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва муҳтавои мултимедиявӣ, аз қабили аудио ва видео мебошад. Китобхонаи мазкур ба ҷараёни таълим ва омӯзиш ҷавобгӯ буда, мушкилоти рушди бардавомро муайян менамояд.

АКС: маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 10, 2022 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Фаронса ҳамкориро дар самтҳои илму таълим густариш медиҳанд
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ оид ба иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ҷамъомад баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми академияҳои идоракунии давлатии мамлакатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои синфҳои 11-и муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ оғоз ёфт
Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар самти илму маориф тақвият меёбад
Ҷашни Наврӯзи хуҷастапайро аҳли илму маориф ботантана ҷашн гирифтанд
Дар шаҳри Турсунзода кӯдакистони замонавӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Дар шаҳри Истаравшан дуюмин ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ доир шуд
«НАВРӮЗ — МУЖДАИ БАҲОРУ САРСАБЗИИ ТАБИАТ». Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҷашни аҷдодиро таҷлил намуданд
НАВРӮЗ-ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ ВА ТАРҒИБГАРИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиш баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба ҳифзи Ватан ва мубориза бо падидаҳои номатлуб мулоқот доир шуд