ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ! Дастаи мо озмуни «Биатлони танкӣ»-ро бо ғалаба оғоз намуд

Август 16, 2022 14:48

ДУШАНБЕ, 16.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Экипажи якуми дастаи Тоҷикистон баромади худро дар озмуни «Биатлони танкӣ» бо ғалаба оғоз намуд. Танкчиёни Тоҷикистон 15 август бо дастаҳои Абхазистон ва Судон ба марра баромаданд. Онҳо дар мусобиқаи инфиродӣ натиҷаи 34:32 нишон дода, дар ин гурӯҳ аз ҳарифонашон пеш гузаштанд.

Озмун дар доираи Бозиҳои байналмилалии Артиш-2022 дар тамрингоҳи Алабинои назди Москва (Русия) гузашта истодааст.

Маросими ифтитоҳи Бозиҳо ва баромади дастаҳоро хабарнигорони АМИТ «Ховар» тавассути телевизиони «Звезда» пайгирӣ карданд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ дар дивизиони дуюм Тоҷикистон пас аз як пойга дар ҷойи 5-ум қарор дорад. Дар пеш боз ду пойгаи дигар аст, ки 19 ва 21 август мегузаранд.

Тақрибан соати 18:20 (бо вақти Душанбе) пойгаи №4-и ду дастаи дивизиони якум оғоз ёфт. Экипажҳои дуюми Муғулистон (танки сурх) ва Озарбойҷон (танки зард) мусобиқаро шурӯъ карданд. Дар айни ҳол экипажи якуми Русия дар дивизиони якум (20:12) пешсаф буда, танкчиёни Беларус дар ҷои дуюм (23:18) ва экипажи Чин дар ҷойи сеюм (24:23) мебошанд. Мусобиқа идома дорад.

15 август пеш аз оғози пойгаҳо дар «Биатлони танкӣ» маросими ифтитоҳи Форуми байналмилалии ҳарбӣ-техникии «АрМИ-2022», Бозиҳои байналмилалии артиш-2022 ва ҳамчунин маросими ифтитоҳи тантанавии озмуни «Биатлони танкӣ-2022» баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳ намояндагони Тоҷикистон бо парчами давлатӣ раҳпаймоӣ карданд. Ровӣ бо овози баланд ва ботантана ҳайати моро чунин муаррифӣ намуд: «Ҷумҳурии Тоҷикистон! Аз лаҳзаҳои аввали баромади худ дар мусобиқа таваҷҷуҳи тамошобинонро ҷалб мекунад. Мо мутмаинем, ки таманниёти мо онҳоро ба дастовардҳои нав мерасонад!».


Қобили зикр аст, ки мусобиқаҳои «АрМИ-2022» дар қаламрави 12 кишвари ҷаҳон аз 13 то 27 август баргузор мешаванд. Дар доираи бозиҳо 36 мусобиқаи байналмилалӣ пешбинӣ шудааст. Барои баргузории мусобиқаҳои «АрМИ-2022» 13 давлат омодаанд. Озарбойҷон, Алҷазоир, Арманистон, Беларус, Венесуэла, Ветнам, Эрон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Русия, Арабистони Саудӣ ва Узбекистон. Венесуэла ва Арабистони Саудӣ бори аввал дар қаламрави худ мусобиқаҳоро баргузор мекунанд.


237 даста аз 31 кишвар иштироки худро дар бозиҳои «АрМИ-2022» тасдиқ карданд. Дар бозиҳо нахустин бор дастаҳои Арабистони Саудӣ ва Руанда ширкат меварзанд.

Аксари давлатҳо (21 кишвар) дар «Биатлони танкӣ», ки дар Алабинои назди Москва мегузарад, иштирок менамоянд. Дастаҳо аз рӯи натиҷаҳои баромади соли 2021 ба ду дивизион тақсим шудаанд.


Ба дивизиони якум 10 даста, аз ҷумла Озарбойҷон, Беларус, Венесуэла, Ветнам, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Муғулистон, Русия ва Узбекистон шомиланд. Дар дивизиони дуюм дастаҳои Абхазистон, Арманистон, Зимбабве, Эрон, Лаос, Малӣ, Мянмар, Сурия, Судон, Тоҷикистон ва Осетияи Ҷанубӣ рақобат менамоянд.

Имсол бо танкҳои худ дастаҳои Беларус (Т-72) ва Чин (Type 96) баромад мекунанд. Дастаҳои боқимонда дар танкҳои аз ҷониби Русия пешниҳодшуда рақобат менамоянд.

Аз рӯи ҷамъбасти пойгаҳои инфиродӣ раддабандии беҳтарин экипажҳо тартиб дода мешавад. Се нафари аввал ғолибу ҷоизадорони марҳилаи «Пойгаи инфиродӣ» хоҳанд шуд. Аз рӯи ҷамъбасти натиҷаҳои нишондодашудаи экипажҳои ҳар мамлакат 8 дастаи нимфиналисти дивизиони якуми «Биатлони танкӣ» муайян карда мешаванд, ки онҳо аз 23 ва 24 август чор дастаи беҳтарини эстафетаи финалиро маълум менамоянд. Эстафетаи финалӣ дар рӯзи пӯшидашавии бозиҳо, 27 август, дар тамрингоҳи Алабино баргузор мешавад.

Саид АЛӢ,
Пайрав ҚОСИМ,
Акрамхоҷа АКБАР,
АМИТ «Ховар»

АКС: скриншот аз навори ТВ «Звезда»

Август 16, 2022 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид