«Тоҷикистон. Истиқлоли энергетикӣ аз омилҳои муҳими истиқлоли миллист»,- шарҳи матбуоти даврии ҷумҳурӣ

Август 26, 2022 10:34

ДУШАНБЕ, 26.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияҳои даврии Тоҷикистон ҳафтаи сипаригардида оид ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат хабару гузориш ва мақолаҳои сершумор ба нашр расониданд, ки шарҳи мухтасари онҳоро пешкаши  хонандагони сомона мегардонем.

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Ҷумҳурият» дар шумораи  №163 (24 522), сешанбе, 23 августи соли равон зери сарлавҳаҳои «Тоҷикистон. Истиқлоли энергетикӣ аз омилҳои муҳими истиқлоли миллист», «Рашт. Омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ вусъати тоза мегирад», «Озмуни «Роғун» арсаи мардонагӣ», «Маориф. На ҳама ҳолат марбути нопуррагии мактабҳо бо кадрҳои омӯзгорӣ аст», «Ховарон» Камбуди об мушкили ягона нест!», «Пешвои миллат. Иҷлосияи таърихӣ ва роҳи пурзаҳмати давлатсозӣ» маводи таҳлилӣ нашр намудааст. Инчунин хонанда имкон дорад, ки дар рубрикаҳои «Тоҷикистон» аз рӯйдодҳои муҳим ва дақиқ аз дохили мамлакат огоҳӣ пайдо намояд.

Дар маводи «Тоҷикистон. Истиқлоли энергетикӣ аз омилҳои муҳими истиқлоли миллист» зикр шудааст, ки дар лаҳзаҳои душвору сарнавиштсози ҳар як халқу миллат фарзандони ҷоннисору далер, ватандӯсту фарзона ва мардумпарваре ба арсаи сиёсат меоянд, ки бо ҷасорат ва кору пайкори худ раванди таърихро тағйир медиҳанд. Онро ба маҷрои солиму созанда ва бунёдкорӣ равона месозанд. Сарвари давлати тозаистиқлоли тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар лаҳзаҳои хеле ҳассосу душвортарини таърихӣ – гузоштани нахустин хиштҳои таҳкурсии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба саҳнаи сиёсат омада, дар эъмори бинои муҳташами соҳибистиқлолӣ хизмати беандоза бузургро ба анҷом расонданд.

Муаллифи он навиштааст, ки воқеан, дар қатори дигар ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Тоҷикистон таъмини истиқлолияти энергетикии мамлакат муҳимтарин ҳадафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар меҳвари сиёсати иқтисодӣ ва таҳкими истиқлоли воқеии давлати ҷавони мо қарор дорад. Зеро аз татбиқи он иҷрои дигар ҳадафҳо вобастагии муҳим дошта, НБО «Роғун» дар ин маврид нақши ҳалкунанда мебозад. Онро ҳамчун кохи бузурги нур метавон омили муҳими таҳкими истиқлол номид.

«Бунёди НБО «Роғун» бузургтарин ва муҳимтарин иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон – сохтмони муҳташами аср ба шумор рафта, Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки «ҳаёту мамоти Тоҷикистон вобаста ба «Роғун» аст…»,- чунин нигоштааст муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода дар маводи «Тоҷикистон. Истиқлоли энергетикӣ аз омилҳои муҳими истиқлоли миллист», — тазаккур додаааст муаллифи мавод.

Дар шумораи  №164 (24 523), чоршанбе, 24 августи соли равон хонандагон метавонанд дар баробари хабару гузоришҳо оид ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат, инчунин вобаста ба нооромиҳои солҳои  навадуми асри XX, ки аз дасти қотилони наҳзатӣ шумораи зиёди донишмандону рӯшанфикрон ва ҷавонмардони баномуси миллат ҳалок гардидаанд, аз мавод таҳти унвони «Нурулло Ҳувайдуллоев. Адолатпешае, ки ба дасти террористони наҳзат кушта шуд» маълумот пайдо намоянд. Ҳамчунин  метавон матлаби рӯзноманигор Холназар Касировро зери сарлавҳаи «Нақби Данғара. Ҳолати яке аз нодиртарин иншооти зеризаминӣ нигаронкунанда аст!» мутолиа намуд. Дар матлаб муаллиф доир ба дар ҳолати садамавӣ ва хело ташвишовар қарор доштани нақб ва омилҳои ба чунин ҳолат гирифтор шудани он маълумот додааст.

Дар ин шумора зери сарлавҳаҳои «Роғун». Саноат неруи тоза мегирад», «9 сентябр ва саодати миллӣ», «Муъҷизаи табиат. Бардошт аз чашмаи Авҷ», «Ваҳдати миллӣ-арзиши умумиинсонӣ» маводи хонданӣ нашр шуда, мавзӯъҳои муҳими  рӯзро мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор додаанд ва пешниҳоди хонандагон гардонидаанд.

Нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» рӯзи чоршанбе, 24 август, №105 (4525) дар саҳифаи аввал суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳтаи миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимр Путин, инчунин Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро, ки 4 августи соли равон баргузор гардид, чоп намудааст.

Ҳамчунин дар ин шумора таҳти унвонҳои «Нақши Истиқлолияти давлатӣ дар болоравии мақоми зан», «Нақши Пешвои миллат дар рушди қонунгузории миллӣ», «Дар қитъаи Тоҷикистонии «CASA-1000» 70 дарсади кор ба анҷом расидааст», «Деҳаҳои бемактабу сарсонии толибилмон» мавод ба нашр расидаанд.

Муаллими калони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ботурхоҷа Қобилов дар маводи худ зери сарлавҳаи «Нақши Пешвои миллат дар рушди қонунгузории миллӣ» доир ба нақши Сарвари давлат дар  пешрафти устувори Ватан, баланд бардоштани он дар арсаи байналмилалӣ ва  қабули як қатор қонунҳое, ки барои мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ замина гузоштаанд,  мавриди таҳлил қарор додааст.

«Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми тоҷик муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад.

Истиқлолияти давлатӣ шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад. Истиқлолияти давлатӣ дар он ифода меёбад, ки сиёсати давлатиро давлат мустақилона муайян намояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, баъд аз ҷаҳду талошҳои зиёди ба эътидол овардани вазъи ноороми кишвар тавонистанд, ки сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро дар арсаи байналмилалӣ мустақилона муайян намоянд» — чунин оғоз шудааст маводи мазкур ва хонандагон метавонанд давоми матлабро аз ин шумора мутолиа намоянд.

«Народная газета»— нашрияи расмии русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи №35 (20368), 24 августи соли равон   мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор кадрҳоеро, ки 19 августи соли равон бо Фармони Пешвои миллат ба вазифаҳои пурмасъул дар мақомоти суд, прокуратура ва сохторҳои қудратии кишвар таъйин гардиданд, суҳбати телефонии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимр Путин, Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хабару гузоришҳоро аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат инъикос намудааст.

Ҳамчунин дар ин шумора зери сарлавҳаҳои «Национальное единство -щит независимости страны», «Достопримечательности страны служат увековечиванию национальной культуры», «Рогунская ГЭС- светлое будущее Таджикистана», «ГБАО превратится в цветущий край» ва ғайра мавод ба нашр расидаанд.

«Минбари  халқ» — нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи №33 (1379), чоршанбе, 24 августи соли 2022 зери сарлавҳаҳои «Пешвои миллат ва чеҳраи сиёсии зани тоҷик», «Тоҷикистон кишвари хурд, вале пуриқтидор», «Истиқлол — чароғи раҳнамои миллат», «Ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ — омили суботи ҷомеа», «Ҳошиядори таърих», «Тоҷикистон ва Покистон 30-соли ҳамкориҳо», «Таърих-василаи худшиносии миллӣ» ва дигар мавод ба нашр расонидааст. Инчунин  дар ин шумораи рӯзнома  хабару мақолаҳо оид ба фаъолияти ҲХДТ  ва дигар  маводи ҷолиб чоп шудаанд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 26, 2022 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Тандиси биринҷии чеҳраи Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад
КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба таомҳои наврӯзӣ дар Бадахшон маълумот ҷамъоварӣ намуд
НАВРӮЗ-МАҲБУБТАРИН ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Суратгузориш аз таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус
НАВРӮЗ ДАР ЗАРАФШОН. Он бо «тухмҷангак»-и кӯдакон оғоз мегардад