«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ». Дар шаҳри Кӯлоб намоиши сайёр ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 02.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 1 август дар Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии 2700-солагии Кӯлоб намоиши сайёри «Тоҷикистон–кишвари дарёҳои тиллоӣ» ифтитоҳ гардид, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев.
Зимни ифтитоҳи намоиш директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода, Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода, директори Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб Ҳотам Асозода ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуданд.
Директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода зикр намуд, ки «ин намоиш дар баланд бардоштани ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносии мардум, эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ нақши муассир дорад».
Дар намоиш зиёда аз 100 адад ашёи таърихии марбут ба миллати тоҷик аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба тамошо гузошта шудаанд, ки онҳо инъикосгари таърихи куҳани халқи тоҷик буда, фарогирандаи ҳазораи 4 то мелод ва давра ба давра то асри 10 мелодӣ мебошанд.
Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода иброз намуд, ки «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар намоиши «Тоҷикистон-кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар шаҳри Париж бо ифтихору шодмонӣ изҳор намуда буданд, ки «бузургии силсилачорабиниҳои фарҳангии дирӯзу имрӯз, аз ҷумла намоишгоҳи «Тоҷикистон-кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар маркази фарҳангии аврупоӣ — шаҳри Париж барои мо рӯйдоди муҳим ва хотирмон мебошад». Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари давлат омаданашон то ба имрӯз ба масъалаи донишу фарҳанг диққати хосса зоҳир менамоянд».
Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон зери унвони «Тоҷикистон–кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи ҳунарҳои осиёии «Гиме»-и шаҳри Париж 13 октябри соли 2021 бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон ба шарафи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар остонаи сиюмин солгарди муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Фаронса ифтитоҳ гардида, муддати 3 моҳ идома ёфт.
Намоиши сайёри «Тоҷикистон–кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии 2700–солагии Кӯлоб то 5 август идома ёфта, сокинону меҳмонони шаҳр бо осори гаронарзиши ба мерос гузоштаи ниёгон ва нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният шинос мегарданд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






