Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон: Дар шашмоҳаи аввал ягон муроҷиат оид ба зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон ворид нашудааст

Август 1, 2022 14:16

ДУШАНБЕ, 01.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи аввали соли равон ба Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ягон муроҷиат оид ба зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон ворид нашудааст. Дар ин бора имрӯз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи Умед Бобозода, «дар давраи ҳисоботӣ ба дастгоҳи марказии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ягон муроҷиат оид ба ба зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон ворид нашудааст. Ин дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли гузашта миқдори ин гуна муроҷиатҳо 3 адад буд».

Тавре Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон иброз дошт, «яке аз омилҳои коҳиш ёфтани содиршавии ҷиноят, аз ҷумла зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон- ин зери назорати ҷиддӣ гирифтани ин масъала аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ мебошад».

Зикр карда шуд, ки кӯдакон пайваста зери ҳимоя ва ғамхории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, баҳри ҳамаҷониба дастгирӣ ва ҳамчун насли баркамолу пешқадам рушд ёфтани онҳо тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.

Ба гуфтаи сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳайлӣ Қодирӣ, мисоли рӯшани ин гуфтаҳо- ин шоми 25 июли соли равон бо супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан баргардонида шудани 146 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ба шумор меравад. Ҳадафи асосии ин иқдом- раҳо кардани кӯдакони тоҷик аз бесарнавиштӣ, баргардонидани онҳо аз диёри ғурбат ва ворид шуданашон ба ҳаёти осоишта дар кишвар мебошад.

«Метавон гуфт, ки беҳтарин тадбире, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Сурия ҳастанд, амалӣ менамояд- ин  иқдоми ба Ватан баргардонидани онҳост. Ва бояд гуфт, ки марҳилаи мутобиқ шудани онҳо ба муҳити кишвар раванди давомдор буда, аллакай аз ҷониби равоншиносон корҳо амалӣ карда мешаванд. Инчунин баҳри ояндаи дурахшони онҳо нақшаи бисёр хуб аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия stop-ed-meds.com, ки 3 марҳиларо дар бар мегирад»,-зикр намуд С. Қодирӣ.

Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 835 адад муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қабул ва баррасӣ гардида, дар шаҳру навоҳӣ ва минтақаҳои дурдасти аҳолинишин 60 машварати сайёри ҳуқуқӣ бо ҷалби 3000  шаҳрвандон гузаронида ва ҷиҳати таъмини ҳуқуқҳои мурофиавии шаҳрвандон иштироки кормандони мақомоти ВҲИ дар 6 мурофиаи судӣ таъмин карда шуд.

Инчунин  бо мақсади такмил додани қонунгузории миллӣ аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 26 санади меъёрии ҳуқуқӣ хулосаҳои дахлдор пешниҳод карда шуданд.

 Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

 АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Август 1, 2022 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд