Варзишгарони навраси тоҷик дар шаҳри Абузабӣ соҳиби медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гардиданд

Август 18, 2022 11:54

ДУШАНБЕ, 18.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари навраси тоҷик Хайёмҷон Чуянов дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб бо мағлуб кардани рақибонаш медали тиллои Чемпионати ҷаҳонро ба даст овард. Дар ин бора шореҳи варзиш Муродалӣ Тешаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.

Дар рӯзи аввали Чемпионати ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбӣ (ММА) аз ҳунарнамоии 9 варзишгари кишварамон 7 медал ба хазинаи Федератсияи муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбии Тоҷикистон ворид шуд. Дар мусобиқаи мазкур варзишгарони навраси 42 кишвари ҷаҳон ширкат варзида истодаанд.

Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби ба даст овардани медалҳо бо 3 медали тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ дар зинаи 2-юми ҷадвал қарор дорад. Миёни кишварҳои Осиёи миёна кишвари мо дар садри ҷадвал аст.

Варзишгарони тоҷик имрӯз аз рӯи синни 14-15 ва пагоҳ аз рӯи синни 16-17 дар мусобиқаи мазкур баромад мекунанд.

АКС аз ТВ Варзиш

Август 18, 2022 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад