Вобаста ба сохтмони 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳрҳои Тоҷикистон Созишномаи грантӣ ба имзо расид

Август 17, 2022 08:51

ДУШАНБЕ, 17.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. 16 август дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи грантӣ вобаста ба сохтмони 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд ва Турсунзода аз ҷониби Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ва директори иҷроияи блоки лоиҳавии Бунёди АвруОсиёии пойдорӣ ва рушд Андрей Широков ба имзо расонида шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм.

Зимни имзои созишнома таъкид гардид, ки ҳадаф сари вақт ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин намудани 5 муассисаи таълимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар айни замон дар ин иншоот корҳои созандагӣ бомаром идома дошта, муассисаҳои таълимӣ тибқи нақша моҳи сентябри соли равон мавриди истифода қарор мегиранд.

Бо мақсади амалӣ намудани назорат ва ҳамоҳангсозии корҳои сохтмонӣ ва иҷрои супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.04.2021  миёни тарафҳо комиссияи дуҷониба таъсис дода шуда, ба ҳайати он мақомоти дахлдор шомил гардидаанд.

Бо ин мақсад 13 ҷаласаи ситоди комиссия бо роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода баргузор гардида, оид ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва ҳалли мушкилоти мавҷуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

АКС: маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм

Август 17, 2022 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид