ДЗЮДО. Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон миёни собиқадорон ду медали биринҷӣ ба даст оварданд

Сентябрь 12, 2022 09:29

ДУШАНБЕ, 12.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони тоҷик Оятулло Қамарӣ ва Неъматулло Арсонқулов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни собиқадорон медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни собиқадорон 8-11 сентябр дар шаҳри Кракови Полша бо иштироки 837 варзишгар (743 мард, 94 зан) аз 60 давлат доир гашт.

Ҷумҳурии моро дар чемпионат 10 варзишгар миёни мардон намояндагӣ карданд: Қутбиддин Баҳодуров (-60кг), Абдулфайз Солеҳов (-73кг), Соҳибназар Ҳақназаров (-73кг), Ҷонибек Маҳмудзода (-81кг), Шоҳҳусейн Раҳимов (-81кг), Валӣ Султонзода (-90кг), Оятулло Қамарӣ (-90кг), Фаридун Устопиров (-100кг), Собир Шарифов (-100кг) ва Неъматулло Арсолқулов (+100кг).

Оятулло Қамарӣ дар вазни -90кг миёни варзишгарони синну соли худ сабқатро аз даври чорякфинал оғоз карда, аз намояндаи Озарбойҷон Мурод Раҷаблӣ мағлуб шуд. Сипас ӯ дар даври тасаллобахш бар варзишгари Словакия Эрнест Матус ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм бар намояндаи Испания Ҷуан Антонио Тортелла Барбас пирӯз гардид.

Неъматулло Асронқулов низ дар вазни +100кг дар чорякфинал аз варзишгари Гурҷистон Звиад Тсиклаурӣ шикаст хӯрд, баъдан дар даври тасаллобахш бар намояндаи Озарбойҷон Айаз Умудалиев ва дар нерусанҷӣ барои ҷои сеюм бар намояндаи Полша Томас Биз ғалаба кард.

Ҳамчунин Қутбиддин Баҳодуров (-60кг) ҷои панҷум ва Шоҳҳусейн Раҳимов (-81кг), Фаридун Устопиров (-100кг) ҷойи ҳафтумро сазовор шуданд.

Дар ҳисоби даставӣ Тоҷикистон миёни 60 давлати иштирокчӣ бо 2 медали биринҷӣ, як ҷои панҷум ва ду ҷои ҳафтум дар ҷои 41-ум мавқеъ гирифт.

АКС: КМО Тоҷикистон

Сентябрь 12, 2022 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад