ҲАДИСИ МУСАВВАР. Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Рӯзи омӯзгорро бошукуҳ ҷашн гирифтанд
ДУШАНБЕ, 30.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи омӯзгор, ки ҳамасола якшанбе якуми моҳи октябр дар мамлакат таҷлил мегардад, дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе барномаҳои бошукуҳи идона доир гардида истодаанд. Аз ҷумла, 29 сентябр бо ташаббуси шуъбаи маорифи ноҳияи Сино бо иштироки омӯзгорони ноҳия ҷамъомади тантанавӣ ва барномаи фарҳангӣ доир гардид.
Дар ҷамъомад як зумра омӯзгорони фаъоли ноҳия барои хизматҳои шоёнашон дар таълиму тарбияи насли наврас бо «Сипоснома» ва «Ифтихорнома» -ҳои мақомоти марбута қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе