Ҷаласаи комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ оид ба маориф, мудофиа ва амният доир шуд

Сентябрь 23, 2022 11:43

ДУШАНБЕ, 23.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри Таврический, қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербурги Россия ҷаласаи Комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба масъалаҳои маориф, мудофиа ва амният баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов.

Дар ҷаласаи мазкур раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод ва раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, муовини Раиси  Комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба илм ва маориф Насиба Содиқӣ дар реҷаи фосилавӣ иштирок намуданд.

Дар оғоз аъзои комиссия масъалаи интихоби Раиси комиссия ва чонишинони ӯро дида баромаданд.

Дар ҷаласаи комиссия ҳамчунин баррасӣ ва қабули якчанд қонунҳои намунавӣ  мавриди баррасӣ қарор гирифт.  Вакилони парлумони кишварҳои узви ИДМ лоиҳаи қонунҳои намунавӣ «Дар бораи амнияти миллӣ»; ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои намунавӣ «Дар бораи амнияти сарҳад», «Дар бораи Сарҳади давлатӣ», «Дар бораи мақомоти (қувваҳои) сарҳадӣ»-ро, ки қабули онҳо ба такмили қонунгузории давлатҳои узви ИДМ дар ин самт мусоидат мекунад, баррасӣ намуда, ба Шӯрои АБ  ИДМ пешниҳод намуданд.

Дар маҷмӯъ, лоиҳаи Тавсияҳо оид ба такмили қонунгузории кишварҳои узви ИДМ оид ба муқовимат ба истифодаи моддаҳои радиоактивӣ, моддаҳои кимиёвии хатарнок ва агентҳои патогении биологӣ қабул карда шуд.

Пас аз муҳокимаи аъзои комиссия лоиҳаи Тавсияҳо барои кишварҳои узви ИДМ оид ба пешгирӣ ва рафъи қонуншиканиҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои хулосаи коршиносон ба парлумонҳои кишварҳои узви ИДМ фиристода шуд. Ҳамчунин аъзои комиссия пешниҳодҳоро оид ба нақшаи дарозмуддати қонунсозии намунавӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои солҳои 2023-2025 баррасӣ намуданд.

Инчунин дар шарҳи масъала оид ба маориф, ки дар он раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, муовини Раиси  Комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба илм ва маориф Насиба Содиқӣ бо реҷаи фосилавӣ иштирок намуд, ҳафт санад, аз ҷумла лоиҳаи таҳрири нави Кодекси иттилоотии намунавӣ барои давлатҳои аъзои ИДМ, лоиҳаи қонунҳои намунавӣ «Дар бораи аттестатсияи (аккредитатсияи) давлатии субъектҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ», « Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмию техникӣ», инчунин Тавсияҳо оид ба танзими меъёрии истифодаи зеҳни сунъӣ, танзими меъёрии рақамикунонӣ дар соҳаи маориф, ташкили кори тарбиявӣ бо волидон ва фаъолияти ҷомеаи волидайн ва Тавсияҳо «Дар бораи чораҳо оид ба ошкор ва дастгирии мунтазами кӯдакону ҷавонони лаёқатманд» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Илова бар ин, ба рӯзномаи ҷаласа масъалаҳо оид ба пешниҳодҳо оид ба Нақшаи дарозмуддати қонунсозии намунавӣ дар ИДМ барои солҳои 2023-2025 ва нақшаи кори Комиссия барои соли 2023 ворид гардиданд.

Акс: МН МО ҶТ

Сентябрь 23, 2022 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқот намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Президенти Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд
1 сол пеш дар Душанбе ду иншооти муҳташам- бинои Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон ба истифода дода шуд
Мавсума Муинӣ бо истеъдодҳои наврасу ҷавон вохӯрӣ доир намуд
Дар Душанбе масъалаи рушду таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ байни Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Дар Душанбе таҳкими фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентии Тоҷикистону Олмон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар иҷлосияи 32-юми солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок дорад
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Маҷлиси намояндагон дар Форуми 20-уми СММ оид ба идоракунии интернет иштирок дорад
Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин бозёфт дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик мебошад
Барно Саидвализода: «Ваҳдати миллӣ – ин неъмати бузургу кафолати зиндагии шоистаро пойдор нигоҳ бидорем»