ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Куштори кӯдакону табибон ва мардуми осоишта сахттарин ҷиноят аст,- Садриддин Ҳасанзода, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Сентябрь 20, 2022 11:42

ДУШАНБЕ, 20.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба расми кўдакони дар натиҷаи ҳуҷуми таҷовузкоронаи низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон дар Исфара ҳалокгашта нигариста, дили кас хун мешавад. Куштори кӯдакону табибон ва мардуми осоишта сахтарин ҷиноят аст. Ин ҷинояти сангину  нобахшиданист ва набояд он ҷомеаи ҷаҳониро бетараф гузорад. Таърих чунин бераҳмиро   зиёд дар ёд дорад ва башарият баъди садсолаҳо ҳам  содиркунандагони  онро  нафрину  сарзаниш мекунанд. Магар инсони солим  метавонад дар ҳаққи фарзанди як каси дигар, боз бачаи ҳамсоя чунин разолатро раво бинад?!, — изҳор дошт Садриддин Ҳасанзода узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ Садриддин Ҳасанзода.

«Дар таърих мо бо ягон давлат ҷанг накардаем. Агар касе ба сарзамини мо ҳуҷум карда бошад, мо муқовимат ва дифоъ аз худ кардаем ва билохира пирӯз ҳам шудаем»,  гуфтаҳои шоири  зиндаёди  тоҷик Муъмин Қаноатро ёдовар шуд Садриддин Ҳасанзода.

«Қариб аксари мардуми Қирғизистон давлату ҳукуматашонро эътироф намекунанд. Ҳамеша ба пешниҳоду амалкардҳои президенти худ муқовимат менамоянд. Қариб ҳар сол дар Қирғизистон исён мекунанд.  Ҳамин аст, ки дар ин давлат президентҳо зуд-зуд иваз мешаванд ва сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ дар ин кишвар меафзояд. Дар ин давлат гурӯҳҳои мухталиф амал ва худсарона шӯришу иғвоҳо барпо мекунанд. Ҳамла бар сарзамини мо низ дар пайи дасисаҳои ҳамин гурӯҳҳои иғвогару манфиатҷў тарҳрезӣ шудааст», -таъкид намуд нависанда.

Номбурда тазаккур дод, ки «имрӯз мо бо ҳамсоякишварҳои   худ дӯсту бародар ҳастем, ки ин аз иттиҳоди мардум ва пуштибонӣ аз сиёсати давлату ҳукуматамон, бахусус сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  сарчашма мегирад. Имрӯз Тоҷикистон бо тамоми кишварҳои дунё муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобила ба роҳ мондааст. Яке аз онҳо- дӯстӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон аст, ки ба шарофати Сарони ин давлатҳо ва сиёсати хирадмандонаи онҳо  дар фазои суботу оромӣ зиндагӣ дошта,  ҳар ду ҷониб аз ин муносиботи  хуб манфиати зиёд мебинанд».

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 20, 2022 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд