ҲАМРАДИФ БО ФАРАҲУ ШОДӢ. Рӯзи дониш дар Мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе хотирмон таҷлил шуд

Сентябрь 1, 2022 13:27

ДУШАНБЕ, 01.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар саросари Тоҷикистон дар фазои идона, бо як ҷаҳон фараҳу шодӣ ва эҳсоси ифтихор аз фарорасии бузургтарин ҷашни таърихи нави давлатдориамон — 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ соли нави таҳсили 2022-2023 оғоз ёфт. Баробари дигар муассисаҳои таълимии мамлакат дар Мактаби байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе Рӯзи дониш пуршукӯҳу хотирмон таҷлил карда шуд.

Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Директори Мактаби байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе Юнус Эмре иброз дошт, имсол дар ин муассиса 72 нафар хонандагон ба синфи якум қадам ниҳодаанд.

«Дар айни замон дар мактаб се синфи якум ташкил гардидааст, ки дар ҳар синф 24 нафар хонанда дарс мехонад. Барои ҳар хонанда мизу курсии алоҳида ташкил гардидааст. Инчунин барои ин гурӯҳи хонандагон, ки бори аввал ба муассисаи таълимӣ омадаанд ва барои мутобиқ гардидани онҳо тамоми шароит, яъне гузаргоҳи алоҳида ва инфрасохтори махсус муҳайё намудаем. Барои ин гурӯҳи хонандагон нақшаи таълимии махсус ташкил гардидааст, ки онҳо дар баробари дарс хондан инчунин ба машғулияти амалӣ низ ҷалб мегарданд»,-гуфт ӯ.

Ба муассисаи мазкур омӯзгорони ботаҷриба аз дохил ва хориҷи мамлакат ҷалб гардидаанд. Барои омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ёвари омӯзгор низ фаъолият менамояд, ки онҳо имкон пайдо мекунанд дар оянда таҷрибаи хуб гиранд. Барои онҳо дар як ҳафта се маротиба дарсҳои омӯзишӣ гузаронида мешавад.

Юнус Эмре иброз намуд, ки дар муассиса қариб 430 нафар хонанда ба таълим фаро гирифта шудаанд.

«Мактаби байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин мактаби байналмилалиест, ки акредитатсияи Кембриҷ дорад. Мактаби мо аъзои муассисаҳои байналмилалӣ ва Донишгоҳи Кембриҷ аст, аз ин рӯ муассиси мо кӯшиш менамояд, ки он бо дигар муассисаҳои байналмиллалии хориҷӣ баробар бошад. Нақша дорем, ки хонандагони худро барои табодули таҷриба ва омӯзонидани забонҳои хориҷӣ ба хориҷи мамлакат равон намоем. Дар муассисаи мо омӯзишгоҳҳо фаъолият менамоянд, ки сатҳи сифати онҳо дар оянда беҳтар карда мешавад».

Дар муассисаи мазкур Рӯзи дониш бо Суруди миллӣ оғоз гардид.

Сипас роҳбарият ва масъулини мактаб хонандагони синфи якумро бо низому тартиби дохили муассиса шинос намуданд.

Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» роҳбари синфи якуми «А»-и ин муассиса Ҷавоҳир Каримова иброз намуд, «кӯдак мисли дарахти навниҳолест, ки ниёз ба ғизову нигоҳубин дорад. Бачаҳои мо низ дар ин синн ҳамеша ба таълиму тарбия ниёз доранд. Тарбия яке аз рукнҳои асосии рушду такомули кӯдакон ба ҳисоб меравад. Ва мо ба хонандагони хурдсоламон тарбияи ҳамида, ахлоқи нек ва одобу рафтори намунавӣ меомӯзем».

Мавсуф зикр намуд, ки «вақте кӯдак ба мактаб дохил мегардад, ӯ бояд аз рӯи шавқу рағбат ва меҳри беандоза ба омӯзиш машғул шавад, на бо зориву таваллои волидайн ё аз тарси муаллимон. Мактаб зинаи нахустинест, ки кӯдак ба дунёи муносибатҳои нав қадам мегузорад. Аллакай фаъолияти ҷисмониаш бештар мегардад, ҷаҳонбиниаш васеътар мешавад, барои ӯ ҳама чиз нав ва ғайриодӣ менамояд. Дар ин давра дар кӯдак ҳисси кунҷковӣ ва ҷустуҷӯ оғоз мешавад».

Бояд зикр намуд, ки дар мамлакати мо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» хеле бамаврид мебошад. Таҷриба нишон медиҳад, ки агар тарбия дутарафа набошад ва танҳо мактаб омили асосии донишандӯзӣ гардад, он гоҳ кӯдак рушд намекунад. Агар волидайн бо мактаб ҳамкории доимӣ надошта бошанду тақдири фарзандашонро танҳо бар дӯши мактаб вогузор намоянд, он гоҳ кӯдак низ пеш намеравад, зеро дониш доиман муҳтоҷи такрор аст. Агар такрор набошад, дониши аз устод гирифта дар лавҳаи хотири шогирд то абад нақш намебандад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
Тоҳир САИД (АКС)
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 1, 2022 13:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои наврӯзӣ». Дар Душанбе Фестивали чоруми дӯстии ҷавонон доир мешавад
«КАРНАВАЛИ НАВРӮЗӢ». Имрӯз дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаи фарҳангӣ доир мегардад
«Карнавали Наврӯзӣ» дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе 25 март баргузор мегардад
ХУШ ОМАДӢ, НАВРӮЗИ МАН! Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ сокинону меҳмонон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба қишри ниёзманди ҷомеа ва сарбозони қисмҳои низомӣ кумак расонида шуд
ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ. Имрӯз дар тамоми боғҳои пойтахт барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мегарданд
Субҳи имрӯз дар «Боғи Ғалаба» сокинони чор ноҳияи пойтахт бо оростани гулхани ҷашнӣ фарорасии Соли нави аҷдодиро пешвоз гирифтанд
Дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор гардид
РАМЗИ БАҲОРУ НАВРӮЗ. Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе табақи суманак гузошта шуд
Дар Душанбе бо мақсади муаррифии имконияти сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон фестивали байналмилалӣ оғоз ёфт
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Дар шаҳри Душанбе фестивали байналмилалӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ-МАКОНИ БЕҲТАРИНИ САЙЁҲӢ. Дар айёми баҳор пойтахт барои гардишгарӣ хеле муносиб аст