Арабистони Саудӣ ба муносибатҳои худ бо Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд

Сентябрь 21, 2022 17:11

ДУШАНБЕ, 21.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Арабистони Саудӣ ба муносибатҳои худ бо Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Дар ин бора имрӯз зимни брифинг бахшида ба Рӯзи миллии Шоҳигарӣ Сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон ар-Рушайдон иброз намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Сафир зикр кард, ки Арабистони Саудӣ аз аввалинҳо шуда, истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва моҳи феврали соли 1992 робитаҳои дипломатиро барқарор намуд.

Таъкид гардид, ки имсол ба барқароршавии муносибатҳо, ки бо иродаи сиёсии қавии сарони ду давлат сол ба сол такони нав гирифта, рушду таҳким меёбанд, сӣ сол пур мешавад.

Бо дахли рушди робитаҳо ӯ тазаккур дод, ки бар пояи сиëсатҳои хирадмандонаи сарони ду давлат дар муносибатҳои дуҷониба такони ҷиддӣ ва густариши бемайлон мушоҳида мегардад ва якчанд  созишномаю ёддоштҳои ҳусни тафоҳум ба имзо расида, масъалаи баимзорасонии дигар санадҳо, ки ба манфиатҳои муштарак ва ноил шудан ба рушду шукуфоии ду кишвар нигаронида шудаанд, мавриди баррасӣ қарор доранд.

Валид ибни Абдураҳмон ар-Рушайдон ҳамчунин аз фаъолияту ҳамкории Сандуқи Саудии Рушд ва Маркази имдод ва кумакҳои башардӯстонаи шоҳ Салмон бо ниҳодҳои марбутаи давлатии Точикистон ёдовар шуда, иброз дошт, ки ниҳодҳои мазкур дар соҳаҳои гуногун лоиҳаҳои мухталифро татбиқ менамоянд.

Ӯ, аз ҷумла, иброз дошт, ки Сандуқи Саудии Рушд аз соли 2003 дар Тоҷикистон фаъолият карда, то имрӯз барои роҳандозии якчанд лоиҳаҳо дар бахшҳои тандурустӣ, маориф, нақлиёт ва системаҳои обёрӣ дар вилояти Хатлон ба маблағи 174 миллион доллар (1 миллиарду 936 миллион сомонӣ) қарзи имтиёзнок ҷудо намудааст.

«Маркази имдод ва кумакҳои башардӯстонаи шоҳ Салмон аз соли 2015 то имрӯз дар Тоҷикистон 22 лоиҳаро бо арзиши умумии беш аз 13,9 миллион доллар ё худ 141,5 миллион сомонӣ маблағгузорӣ кардааст»- илова намуд Сафири Арабиcтони Саудӣ.

Ҳамчунин зикр шуд, ки бо мақсади мубориза бар зидди пандемияи COVID-19 Марказ ба Тоҷикистон кумаки тиббӣ, аз қабили ниқобҳо, дастпӯшҳо, либосҳои тиббӣ ва ғайра ба маблағи умумии 500 ҳазор доллари ИМА расонид.

Ёдовар мешавем, ки 23 сентябр ҳамасола дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Рӯзи миллӣ таҷлил мегардад.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 21, 2022 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Теҳрон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир шуд
АЗ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ТО ТАШАККУЛИ РӮЗНОМАИ ҶАҲОНИИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар нишасти ғайринавбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲИ иштирок намуд
Бо ташаббуси Тоҷикистон СММ 31 августро Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод эълон намуд
Антониу Гутерриш: «Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об ва пиряхҳо нақши пешсаф дорад»
Дар Миср ду китоб оид ба Тоҷикистон ба забони арабӣ ба нашр расид
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Умон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони бурунмарзии муқими Русия вохӯрӣ намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Сарвазири Тоҷикистон бо муовини Вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Туркманистон бо директори Дафтари лоиҳавии Маркази минтақавии экологӣ барои Осиёи Марказӣ мулоқот намуд
Дар Теҳрон таҳти унвони «Робиаи Балхӣ: чеҳраи дурахшони назми аҳди Сомониён» ҳамоиши илмӣ доир гардид