Арабистони Саудӣ ба муносибатҳои худ бо Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд
ДУШАНБЕ, 21.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Арабистони Саудӣ ба муносибатҳои худ бо Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Дар ин бора имрӯз зимни брифинг бахшида ба Рӯзи миллии Шоҳигарӣ Сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон ар-Рушайдон иброз намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Сафир зикр кард, ки Арабистони Саудӣ аз аввалинҳо шуда, истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва моҳи феврали соли 1992 робитаҳои дипломатиро барқарор намуд.
Таъкид гардид, ки имсол ба барқароршавии муносибатҳо, ки бо иродаи сиёсии қавии сарони ду давлат сол ба сол такони нав гирифта, рушду таҳким меёбанд, сӣ сол пур мешавад.
Бо дахли рушди робитаҳо ӯ тазаккур дод, ки бар пояи сиëсатҳои хирадмандонаи сарони ду давлат дар муносибатҳои дуҷониба такони ҷиддӣ ва густариши бемайлон мушоҳида мегардад ва якчанд созишномаю ёддоштҳои ҳусни тафоҳум ба имзо расида, масъалаи баимзорасонии дигар санадҳо, ки ба манфиатҳои муштарак ва ноил шудан ба рушду шукуфоии ду кишвар нигаронида шудаанд, мавриди баррасӣ қарор доранд.
Валид ибни Абдураҳмон ар-Рушайдон ҳамчунин аз фаъолияту ҳамкории Сандуқи Саудии Рушд ва Маркази имдод ва кумакҳои башардӯстонаи шоҳ Салмон бо ниҳодҳои марбутаи давлатии Точикистон ёдовар шуда, иброз дошт, ки ниҳодҳои мазкур дар соҳаҳои гуногун лоиҳаҳои мухталифро татбиқ менамоянд.
Ӯ, аз ҷумла, иброз дошт, ки Сандуқи Саудии Рушд аз соли 2003 дар Тоҷикистон фаъолият карда, то имрӯз барои роҳандозии якчанд лоиҳаҳо дар бахшҳои тандурустӣ, маориф, нақлиёт ва системаҳои обёрӣ дар вилояти Хатлон ба маблағи 174 миллион доллар (1 миллиарду 936 миллион сомонӣ) қарзи имтиёзнок ҷудо намудааст.
«Маркази имдод ва кумакҳои башардӯстонаи шоҳ Салмон аз соли 2015 то имрӯз дар Тоҷикистон 22 лоиҳаро бо арзиши умумии беш аз 13,9 миллион доллар ё худ 141,5 миллион сомонӣ маблағгузорӣ кардааст»- илова намуд Сафири Арабиcтони Саудӣ.
Ҳамчунин зикр шуд, ки бо мақсади мубориза бар зидди пандемияи COVID-19 Марказ ба Тоҷикистон кумаки тиббӣ, аз қабили ниқобҳо, дастпӯшҳо, либосҳои тиббӣ ва ғайра ба маблағи умумии 500 ҳазор доллари ИМА расонид.
Ёдовар мешавем, ки 23 сентябр ҳамасола дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Рӯзи миллӣ таҷлил мегардад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд






