Арзиши патенти муҳоҷирон дар кишвари Приморск барои соли 2023 муайян гардид

Сентябрь 29, 2022 11:06

ДУШАНБЕ, 29.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нархи патенти кор барои шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Приморск соли 2023 боло бурда намешавад. Чунин тасмим дар нишасти маҷлиси қонунгузории минтақа қабул гардид,- хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хабаргузории русии “Спутник”.

Коэффитсиенте, ки инъикоскунандаи вижагиҳои бозори меҳнати маҳаллист, соли 2022 ба 3,2 баробар шуд.

Бо дарназардошти афзоиши пешбининамудаи коэффитсиент- дефлятори андоз аз даромади шахсони аз ҷониби Вазорати рушди иқтисоди Русия муқарраршуда, пардохти моҳона тақрибан 7680 рублро ташкил медиҳад.

Мақомоти вилоят тасмим гирифтанд, ки бинобар вазъи мавҷудаи  иқтисодӣ нархи патент барои муҳоҷиронро гарон накунанд.

Ҳамин тариқ, коэффитсиенти кишвари Приморск дар ҳавзаи  федералии Шарқи Дур пас аз Ёқутистон (4,9) яке аз баландтарин боқӣ мемонад, бинобар ин ба зиёд кардани он зарурат нест.

Тахмин меравад, ки буҷети вилоят аз ҳисоби пардохтҳои хориҷиён дар соли 2023 бо на камтар аз 700 миллион рубл пур карда шавад.

Бояд гуфт, ки дар шаш моҳи соли 2022 муҳоҷирон дар қаламрави Приморск 12 760 патентро ба расмият даровардаанд. Даромади буҷети вилоят аз ҳисоби пардохтҳои пешмузд 581 миллион рублро ташкил додааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 29, 2022 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд