БА ИСТИҚБОЛИ 30-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ. Ҷавонони мақомоти гумрук ҳамоиш доир намуданд

Сентябрь 28, 2022 16:10

ДУШАНБЕ, 28.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар сиёсатномаи миллати тоҷик саҳифаи беназир ва фарогири муҳимтарину арзишмандтарин аснод маҳсуб мешавад. Ин нуктаро  Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Хуршед  Каримзода  имрӯз дар ҳамоиши ҷавонони мақомоти гумруки ҷумҳурӣ ба ифтихори 30 – юмин солгарди Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд.

Дар ин бора АМИТ  «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки  назди Ҳукумати мамлакат иттилоъ медиҳад.

Дар ҳамоиш зикр шуд, ки баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд муҳимтарину муқаддастарин қадам дар роҳи рушди истиқлолияти Ватан буд. Ин иҷлосия ва асноди ҳуқуқии қабулнамудаи он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва ташаккули ниҳодҳои демократӣ дар давлат нақши муайянкунанда бозиданд.

Маҳз дар ин иҷлосияи тақдирсоз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ҳамзамон ваколати сардори  давлат ба он кас дода шуд. Ба уҳдаи сардори давлат таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид. Маҳз Иҷлосияи 16 имконият фароҳам овард, ки дар бист соли охир рушди миёнаи солонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии /ММД/ мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шавад. Яъне, ММД қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт.

Дар ҳамоиш  Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Абдулло Раҳмонзода ва кормандони мақомоти гумрук доир ба нақши Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуданд.


Зикр шуд, ки  Иҷлосияи таърихии 16 – уми Шӯрои Олӣ ба раванди барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва ҳифзи арзишҳои миллӣ  оғози устувор бахшид. Дар ҳамоиш аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҷавонони фаъоли мақомоти гумрук сипоснома ва ифтихорнома супорида шуд.

       АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 28, 2022 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд