БО ҲАМЛАИ НИЗОМИЁНИ ҚИРҒИЗ МО ҲАРГИЗ ТАРКИ ЗАМИНИ АҶДОДӢ НАМЕКУНЕМ. Чунин изҳор менамояд бо ифтихори ватандорӣ сокини 60-солаи деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара Абдукарим Шарифзода

Сентябрь 23, 2022 17:22

ДУШАНБЕ, 23.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Низомиёни Қирғизистон бо ҳамлаи таҷовузкоронаи худ 16 сентябр ҷони чанд нафар аҳолии осоиштаро рабуда, манзили истиқоматии сокинони моро ба харобазор табдил доданд. Бо ин амали нангинашон онҳо гумон кардаанд, ки гӯё мо аз тарс хоки аҷдодии хешро партофта, мисли онҳо кӯчманчӣ мешавем. Ҳаргиз, ин сарзамини аҷдодии мост. Агар дар ин ҳамлаҳои мусаллаҳона баъзе сокинон захираи хӯроквории худро аз даст дода бошанд, замини пур аз ганҷи мо мунтазири он аст, ки неъматашро зудтар ҷамъоварӣ намоем. Яъне, агар захираи гандумамон сӯхта бошад, ҳоло дар заминҳои мо ҳосили шолӣ фаровон аст. Чунин иброз намуд сокини 60-солаи деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара Абдукарим Шарифзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар».

Ба гуфтаи ӯ, Исфара макони беҳтарин намудҳои зардолу ва биринҷ аст, ки дар бозори дохилӣ ва хориҷи мамлакат харидори зиёд доранд. Кишоварзони мо имсол дар майдони зиёдтар шолӣ кишт намудаанд, ки дар айни замон вақти ҷамъоварии ҳосили он фаро расидааст.

«Мардуми мо тайи ду-се соли охир тибқи дастуру тавсияҳои Сарвари давлат амал карда, ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода мебаранд. Ҳар оилаи ҷамоати мо аз 500 то 2-3 тонна гандум захира менамояд. Мо ҳамчунин ба бозори истеъмолии мамлакат дигар намудҳои маҳсулоти кишоварзиро ба фурӯш бароварда, қисми дигари онро коркард ва захира менамоем», — гуфт ӯ.
Мавсуф зикр намуд, ки ҳар сокини ин сарзамин манфиати давлат ва миллати худро аввалиндараҷа мешуморад. Дар замири мо ғурури миллӣ ва ҳисси ватандории баланд нуҳуфтааст.

Ёдовар мешавем, ки деҳаи Хоҷаи Аъло дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара ҷойгир аст. Аз Хоҷаи Аъло то маркази ҷамоат 8 км, то маркази ноҳия 29 км мебошад.

Тибқи ҳисоботи омории соли 2017, аҳолии деҳа 4988 нафарро ташкил медод.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Сентябрь 23, 2022 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ