Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар толор соли 2023 доир намегардад
ДУШАНБЕ, 04.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Созмони «Варзиши сабуки ҷаҳонӣ» (World Athletics) Чемпионати ҷаҳон дар толорро, ки бояд дар Нанҷинг баргузор мешуд, дубора бо сабаби COVID-19 ба таъхир андохт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Шӯрои варзиши сабуки ҷаҳонӣ қарор қабул кард, ин мусобиқа, ки мебоист аз 17 то 19 марти соли 2023 баргузор мешуд, акнун соли 2025 доир мегардад.
Кумитаи тадорукоти «Нанҷинг-2023» ва Ассотсиатсияи варзиши сабуки Чин низ ба ин тасмим розӣ шудаанд.
Нанҷинги Чин мебоист соли 2020 мизбони ин чорабинӣ мешуд, аммо бо сабаби пандемия нахуст ба моҳи марти соли 2021 ва сипас ба моҳи марти соли 2023 мавқуф гузошта шуд.
Акнун шаҳри Глазгои Шотландия чемпионати навбатии ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар толорро 1-3 марти соли 2024 мизбонӣ мекунад. Чорабинӣ соли 2025 дар Нанҷинг баргузор мешавад. Раванди дархост барои чорабинӣ дар соли 2026 идома дорад.
«Мутаассифона, мо маҷбур шудем, ин чорабиниро ба далели вазъияте, ки ба мо вобаста нест, дубора мавқуф гузорем, аммо мо ин корро кардем, то ба варзишгарон ва федератсияҳо, ки ба мавсими соли 2023 омодагӣ мегиранд, итминон диҳем», — гуфт президенти Варзиши сабуки ҷаҳонӣ Себастян Коу.
Ин аввалин чорабинӣ дар Чин нест, ки аз пандемия осеб дидааст. Олимпиадаи зимистонаи Пекин-2022 дар системаи идоракунии пӯшида баргузор шуд. Чанде пеш Бозиҳои Осиё-2022 дар Ҳангжоу як сол мавқуф гузошта шуданд. Бозиҳои соҳилии Осиё-2020 нахуст ба соли 2021 ва баъдан ба вақти номаълум ба таъхир афтоданд. Бозиҳои осиёии наврасон дар Шантоу-2021 барҳам дода шуда, Ҷоми Осиё оид ба футбол-2023, ки дар Чин ба нақша гирифта шуда буд, дар дигар ҷой доир мегардад. Мизбони навро Конфедератсияи футболи Осиё моҳи октябр интихоб мекунад.
АКС: КМО Тоҷикистон








Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид
Дар Душанбе Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад
Хислатҳои неки роҳбарии Рустами Эмомалӣ -ҳадафмандӣ, таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои беназир, эҳтиром ба одамон ва муоширати сатҳи баланд
Эмомалӣ Раҳмон: «Футбол имрӯз на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо гардидааст»
Дар шаҳри Оснабрюки Олмон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқа баргузор гардид
25 МАЙ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Фестивали футбол доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил карда шуд
Дар Хатлон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд






