Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои занону духтарон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 15.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои занону духтарони вазорату идораҳо ва донишгоҳу донишкадаҳои пойтахт баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ҷаласа Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайриниссо Юсуфӣ, муовини Вазири маориф ва илм Лутфия Абдухолиқзода, муовини Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Шабнам Раҳимзода, прокурори калони Раёсати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳувайдо Сайаълозода ва намояндагони дигар вазорату идораҳо иштирок намуданд.
Дар ҷаласа оид ба пешгирии ҳолатҳои номатлуби ҷомеа, аз ҷумла, шомилшавии занону ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ, пошхӯрии оилаҳо, зӯроварӣ дар оила ва касалиҳои сироятӣ сухан гуфта шуд.
Ҳамзамон иштирокдорон вобаста ба масъалаи ҷалби насли наврасу ҷавон ба омӯхтани касбу ҳунар, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ, масъулиятшиносӣ изҳори назар намуданд.
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ









Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






