Дар Душанбе бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд

Сентябрь 6, 2022 10:40

ДУШАНБЕ, 06.09.2022 /АМИТ  «Ховар»/. 5 сентябр дар шаҳри Душанбе бо ибтикори муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30 — солагии Иҷлосияи 16-уми тақдирсози  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти унвони «Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон-оғози давлатдории навини тоҷикон» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.  

Дар кори конференсия Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоир Зокирзода, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олӣ, роҳбарони мақомоту сохторҳои давлатӣ, кормандони масъули дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимон, собиқадорони меҳнат ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок карданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар оғози кори конференсия иброз доштанд, ки соли равон мардуми Тоҷикистон 30-солагии баргузории   Иҷлосияи   таърихии   тақдирсози    16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу субот ва созандагиву бунёдкорӣ таҷлил менамояд.

Зикр гардид, ки ҳамаи дастовардҳои бузурги миллати сулҳпарвари тоҷик дар даврони навин маҳсули сиёсати хирадмандона, дурандешона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Тавре муҳтарам Рустами Эмомалӣ ёдовар шуданд, муҳимтарин дастоварди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ он буд, ки дар марҳилаи навини таърихӣ шахсияти миллию мардумиро дар симои Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи роҳбарӣ ва давлатдорӣ овард. Дар чунин вазъи фоҷеабор  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсати давлатдорӣ ворид гардида, бо эҳсоси баланди ватандорӣ — ҷасурона дар ин масири ноҳамвори сиёсӣ қадамҳои устувор гузошта, ба бунёди сохторҳои давлатдории миллӣ асос гузоштанд.

Бо эҳсоси ифтихори бепоён ва шукргузорӣ таъкид гардид, ки саъю талошҳои  беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди сулҳ ва давлатсозии миллӣ аз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии тақдирсоз маншаъ мегирад, зеро аз ин баъд Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сулҳу субот ва  ваҳдати  миллӣ   комёб гардид.

Раванди ноил гардидан ба ризоияти миллӣ дар таърихи миллати тоҷик ҳодисаи беназир маҳсуб мешавад ва дар ин марҳила нақши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят азим аст. Пешвои муаззами миллат тавонистанд, ки ғояҳои олии  Иҷлосияи 16-уми  Шӯрои Олиро дар амал татбиқ намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ободу пешрафта ва дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ созанд.

Сипас, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоир Зокирзода оид ба нақши иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини тоҷикон маърўза карда, дар атрофи моҳият ва аҳамияти муҳими ин рўйдоди  таърихӣ андешаҳои худро иброз намуд.

Дар идомаи кори конференсия Ёрдамчии Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Кароматулло  Олимов, раиси кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Қурбон Ҳакимзода  ва раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода сухан гуфтанд.

Ҳамчунин дар музокираҳо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Латифзода, Абдуҳалим Ғаффорзода ва Рустам Раҳматзода суханронӣ карданд

Дар ҷараёни конференсия бо инобати аҳамияти бузурги таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор карда шуд, ки маҳз ҳамин иҷлосияи тақдирсоз ба давраи навини қонунгузории кишвар оғоз бахшид. Бо қабули нахустин санадҳои иҷлосияи мазкур ва талошу заҳматҳои бесобиқаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ва инчунин барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ заминаи устувор гузошта, дар кишвар ба раванди бунёдкорӣ оғоз бахшид ва симои сиёсии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд.

Дар фарҷом бо дарназардошти фикру мулоҳиза ва андешаҳои иштирокчиёни конференсия ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи 16-уми  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муроҷиатномаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони мамлакат қабул карда шуд.

АКС: Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 6, 2022 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» мавриди баррасӣ қарор гирифт
Дар Русия ҷаласаҳои навбатии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои ИДМ баргузор гардиданд
Файзалӣ Идизода бо ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Русия вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Ҳуснуллин мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи маҷозии роҳбарони парламентҳои кишварҳо иштирок намуд
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Беларус мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси умумиҷаҳонии парламентӣ оид ба мубориза бо терроризм ва пешгирии ифротгароӣ иштирок намуд
Вакили Маҷлиси намояндагон: «Парлумони Тоҷикистон иштирокчии фаъол ва шарики муътамади Форуми осиёии ҳамкории парламентӣ мебошад»
ЗАБОНИ ТОҶИКӢ — ЗАБОНИ ҚУДРАТ ВА ИЛМУ ТАҲСИЛ. Андешаҳо оид ба бузургдошти забони давлатии Тоҷикистон
Дар Душанбе доир ба асосҳои қонунгузории гузариш ба рушди «сабз» ҳамоиш баргузор гардид
Вакили Маҷлиси намояндагон дар Саммити минтақавии парлумонии кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд