Дар иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд барномаҳои мақсадноки давлатӣ баррасӣ шуданд
СУҒД, 30.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 27 сентябр дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати шашум баргузор шуд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло МАҲКАМОВ бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Дар кори иҷлосия муовини Раиси вилоят Зариф Мирдадо дар бораи ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» гузориш дод.
Дар мамлакат оид ба истифодаи самаранок ва оқилонаи замин якчанд барномаҳои мақсадноки давлатӣ, аз ҷумла барномаи тухмипарварӣ қабул гардида, ҷиҳати татбиқи он қарорҳои дахлдор қабул ва аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо амалӣ шуда истодаанд.
Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 барномаи амали миёнамуҳлат буда, бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии зироати кишоварзӣ ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот аз навъҳои баландҳосил амалӣ мегардад.
Дар вилоят 29 хоҷагӣ, аз ҷумла 20 хоҷагӣ дар самти пахтакорӣ, 4 хоҷагӣ дар самти картошкапарварӣ, 3 хоҷагӣ дар самти гандумпарварӣ, 1 хоҷагӣ доир ба шолипарварӣ ва 1 хоҷагӣ оид ба сабзавоткорӣ ба шабакаҳои махсуси тухмипарварӣ шомил гардидаанд.
Дар иҷлосия вакилон ҳамзамон аз рӯи дигар масъалаҳои рӯзнома, аз ҷумла ворид намудани тағйирот ба буҷети вилоятӣ барои соли 2022 ва тасдиқи қарорҳои Раиси вилоят қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода барои таъмини рушди тухмипарварӣ, ворид намудани тухмиҳои наву серҳосил, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ, вусъат бахшидани корҳои ободонию бунёдкорӣ, омодагиҳо ба мавсими тирамоҳу зимистон ва дигар масъалаҳои муҳим ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони ташкилоту идораҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








250 кӯдак дар «Чангоб» ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
6 июл дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Чӣ тавр муштариён шабакаи мобилиро иваз мекунанд
6 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд






