Дар Муъминобод иншооти гуногунсоҳа бунёд мешаванд

Сентябрь 11, 2022 09:31

МУЪМИНОБОД, 09.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба корҳои ободонию созандагӣ дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Муъминобод аз 200 банди нақшаи чорабиниҳо беш аз 20% корҳо амалӣ гардидаанд. Имрӯзҳо дар Ҷамоати деҳоти Деҳибаланди ноҳия корҳои ободонию созандагӣ бо вусъати тоза ҷараён мегиранд.

Котиби Ҷамоати деҳоти Деҳибаланд Фаррух Наимов ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛЗОДА иттилоъ дод, ки «солҳои охир дар деҳоти Деҳибаланди ноҳияи Муъминобод қомат афрохтани иншооти гуногунсоҳа, таъмиру навсозии роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ, чароғоннамоӣ ва анҷоми дигар тадбирҳои ободонӣ ба он мусоидат намуд, ки симои деҳоти мазкур боз ҳам ободу зебо гардид. Дар идомаи чунин тадбирҳои ободонӣ ҷиҳати беҳтар кардани вазъи инфрасохтори деҳот ва ҳалли мушкилоти сокинон бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ иншооти хизматрасонии маишӣ низ ба истифода дода мешаванд».

Саҳми соҳибкорону шахсони ватандӯст дар бунёду навсозӣ ва сохтмони иншооти зарурӣ дар деҳаи Саримайдони деҳоти мазкур калон аст. Анҷом додани корҳои назаррас аз ҳисоби маблағҳои худӣ барои рушди минбаъдаи диёр арзишманд буда, бо бунёд ва истифодаи иншооти ҳаётан муҳим сатҳи некуаҳволии мардум беҳтар мегардад.

Сокини саховатманди деҳаи Саримайдон Назрӣ Давлатёров, ки дар бунёдкориҳо саҳми назаррас дорад, аз ҳисоби пасандози оилавӣ пули бар асари офати табиӣ зарардидаи деҳаро, ки ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва рафту омади сокинон монеа эҷод менамуд, аз нав обод намуд.

Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ саҳми чунин шахсони ватандӯстро дар ободӣ, созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ муфид арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки ҳар яки мо бояд дар ободонӣ ва ҳалли мушкилоти сокинон ҳисса гузорем.

Сокинони деҳоти Деҳибаланд ҷонибдории хешро нисбат ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошта, бо азми қавӣ иброз доштанд, ки ҷашни бошукӯҳи Ватан- 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегиранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 11, 2022 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд