Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба сохтмони бинои иловагии мактаби рақами 8 санги асос гузошта шуд
ДУШАНБЕ, 03.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба сохтмони бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача, ки бо тарҳу намуди муосир барои 450 нафар хонанда пешбинӣ шудааст, санги асос гузоша шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Дар маросим Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода бо Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, роҳбари ситоди корӣ ва роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, омӯзгорону толибилмон иштирок доштанд.
Зикр гардид, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 –и деҳаи Овчиқалъача соли 1984 барои 1200 нафар хонанда дар ду баст сохта, ба истифода дода шуда, бо зиёдшавии аҳолӣ чанд соли охир ба бинои иловагӣ эҳтиёҷ дошт. Ҳоло дар муассиса 2300 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, 150 нафар омӯзгорон фаъолият менамоянд.
Баробари ба истифода додани бинои иловагӣ шароити таълиму тадрис дар муассиса бамаротиб беҳтар гардида, фанҳои таълимӣ дар утоқҳои махсус бо шаклҳои муосир баргузор хоҳанд шуд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд






