Дар ноҳияи Роштқалъа бинои Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ ба истифода дода шуд

Сентябрь 18, 2022 09:07

ДУШАНБЕ, 18.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16 сентябр дар маркази ноҳияи Роштқалъа бинои Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ ба истифода дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бинои марказ аз 2 ошёна ва 8 ҳуҷраи корӣ иборат буда, он бо тамоми таҷҳизоти нави лабораторӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Дар маросими ифтитоҳи бинои нав Раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ Муҳаммадсаид Файзуллозода, муовини аввали Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Низом Мирзозода, Раиси ноҳияи Роштқалъа Аъзам Шомирзозода ва дигарон иштирок намуданд.

Мавриди зикр аст, ки ин бинои 8-уми наву дорои тамоми шароитест, ки ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза аз ҷониби Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ба истифода дода шудааст.

Масъулини Кумитаи бехатарии озуқаворӣ тасмим гирифтаанд, ки то арафаи ҷашни 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз даҳҳо иншооти нави соҳавӣ бунёд намоянд.

АКС: Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати ҶТ

Сентябрь 18, 2022 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд