Дар Ню-Йорк тақсимоти оқилонаи обро ҷиҳати эҷод намудани амнияти озуқаворӣ дар ҷаҳон муҳокима карданд

Сентябрь 23, 2022 15:05

ДУШАНБЕ, 23.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар чорабинии канории сатҳи баланд дар мавзӯи «Барои захираҳои об амал намоед, то дунё бо ғизо таъмин гардад: тақсимоти оқилонаи об ҷиҳати эҷод намудани амнияти озуқаворӣ дар ҷаҳон», ки бо ташаббуси Шоҳигарии Нидерландия дар ҳошияи «Ҳафтаи сатҳи баланд»-и Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни суханронӣ Сироҷиддин Муҳриддин нигаронии худро оид ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон марбут ба амнияти озуқаворӣ, таъсири чолишҳои мубрам, аз ҷумла таъсири тағйирёбии иқлим, ҳамагирии Ковид-19 ва муноқишаҳо ба амнияти озуқаворӣ изҳор намуд. Вазири корҳои хориҷӣ аҳаммияти захираҳои обро барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва беҳтар намудани соҳаи кишоварзӣ таъкид кард.

С.Муҳриддин зикр кард, ки Тоҷикистон ба ҳамбастагии обу озуқаворӣ аҳаммияти хосса дода, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки мавзӯи мазкур дар маркази таваҷҷуҳи платформаҳои марбутаи ҷаҳонӣ қарор гирад. Вазири корҳои хориҷии кишвар тазаккур дод, ки мизбонони Конфронси СММ оид ба об дар соли 2023 — Тоҷикистону Нидерландия ҷиҳати баррасии ин ҳамбастагии муҳим дар доираи Конфронси 2023 талошҳои зарурӣ анҷом медиҳанд.

Акс: ВКХ ҶТ

Сентябрь 23, 2022 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард