Дар шаҳрҳои Женева ва Тсюрих имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд

Сентябрь 17, 2022 12:26

ДУШАНБЕ, 17.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳрҳои Женева ва Тсюрих 13-14 сентябр ба муносибати таҷлили 31-ум солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Хамоиш бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар ҳамкорӣ бо ширкати «Микро Капитал» роҳандозӣ гардид.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Швейтсария Ҷамшед Ҳомидов оид ба дастовардҳои мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ ва нақши онҳо дар раванди таъмини сулҳу субот ва татбиқи ҳадафҳои иқтисоди устувор сухан кард.

Инчунин, ба иштирокчиён фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, сайёҳӣ, хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳо муаррифӣ гардиданд.


Ҳамчунин зикр шуд, ки баргузории чунин ҳамоиш ба рушди ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ, ҷалби сармояву воридоти технологияҳои муосир ва тақвияти ҳамкории дуҷонибаи иқтисодию сармоягузорӣ мусоидат менамояд.

Зимнан, дар доираи ҳамоиш расмҳо бо инъикоси фарҳанги миллӣ ва навозиши асбобҳои мусиқии тоҷикӣ намоиш дода шуданд.

Акс: ВКХ ҶТ

Сентябрь 17, 2022 12:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-20262 иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид