Дар шаҳри Анқара 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд

Сентябрь 28, 2022 15:55

ДУШАНБЕ, 28.09.2022 /АМИТ «Ховар»/.  27 сентябр дар шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Туркия хабар доданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов иброз намуд, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ҳаёти миллати куҳанбунёди тоҷик таҳти ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардиши кулливу сарнавиштсоз ба вуҷуд овард ва мардуми мо ба шарофати ин падидаи зиндагисоз тақдири ояндаи давлату миллати худро ба даст гирифт.

Ҳамзамон Вазири тиҷорати Туркия Меҳмет Муш зимни суханронӣ мардуми Тоҷикистонро аз номи Ҳукумати Туркия ба муносибати 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, афзуд, ки маҳз дар ин давра муносибатҳои ду кишвари дӯст дар ҳама самтҳо рушд ёфта истодаанд.

Дар ҳамоиш муовини Вазири саноат ва технологияи Туркия Четин Али Донмез, Президенти KOSGEB Ҳасан Басри Курт, муовини Президенти ТIKA Умит Наҷӣ Ёрулмаз ва меҳмонони зиёд аз сохторҳои гуногуни Туркия ва корпуси дипломатӣ, аз ҷумла Ҳукумат, дастгоҳи Президент, Вазорати корҳои хориҷӣ, Парлумон, ректорони донишгоҳҳои бонуфузи Туркия, марказҳои тадқиқотӣ-илмӣ, хабарнигорони воситаҳои ахбори омма, корхона ва ширкатҳои бузурги саноатӣ, тиҷоратӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ иштирок намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара

Сентябрь 28, 2022 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид