Дастаи «Хадамоти гумрук» бозии аввали Ҷоми «Истиқлол»-2022-ро бо ғалаба оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 28.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти Ҷоми КФ «Истиқлол»-и Душанбе дастаи «Хадамоти гумрук» бозии аввали Ҷоми «Истиқлол»-2022-ро бо ғалаба оғоз кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Бозиҳои аввали даври гурӯҳии Ҷоми «Истиқлол» — 2022 хеле ҷолиб баргузор шуданд. Дар ин давр дастаи футболи «Хадамоти гумрук» бар дастаи футболи «Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе» бо ҳисоби 4:3 ғалаба кард.
Мусобиқоти панҷуми бонуфузи ҷумҳуриявӣ бо иштироки 26 даста, ки ба чаҳор зергурӯҳ тақсим шудаанд, шурӯъ шуда, бозиҳои даври якум дар зергурӯҳҳои «А» ва «Б» оғоз гардиданд. Маросими ифтитоҳи расмии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти Ҷоми КФ «Истиқлол»-и Душанбе дар майдончаҳои Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир гардид.
Ёдовар мешавем, ки фонди ҷоизаи умумии мусобиқа 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дастаи ғолиб бо Ҷом, медал ва ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ сарфароз мегардад. Барандаи ҷои дуюм 30 ҳазор сомонӣ дарёфт хоҳад кард.
Барандаи медали биринҷӣ бо ҷоизаи пулӣ ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ сарфароз мегардад.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид






