Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо Ҷоми Шоҳи Таиланд ба Душанбе баргашт
ДУШАНБЕ, 29.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол, ки барандаи Мусобиқаи 48-уми байналмилалии «King’s Cup 2022» дар Таиланд гардид, субҳи имрӯз ба Душанбе баргашт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистонро роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва мухлисон самимона истиқбол гирифтанд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи «King’s Cup 2022» ду бозӣ анҷом дод. Шогирдони Петр Сегрт дар бозии даври нимниҳоӣ бар дастаи Тринидад ва Тобаго (2:1) ва дар бозии ниҳоӣ аз рӯи силсилаи пеналтӣ бар дастаи мунтахаби миллии Малайзия (3:0) пирӯз шуданд.
Акс: ФФТ










ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бозии дуюми санҷиширо бо дастаи Лубнон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар бозии якуми санҷишӣ бар дастаи Лубнон пирӯз шуд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстонаи моҳҳои сентябр ва октябр эълон гардид
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол барои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муайян шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бо дастаи Лубнон бозии санҷишӣ баргузор мекунад
Самбочиёни Клуби марказии варзиши артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар Москва соҳиби ду медали биринҷӣ шуданд
«ФУТБОЛ ВА РУШДИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти чунин унвон китоби иттилоотӣ-омӯзишӣ нашр гардид






