Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири навтаъйини Русия дар Тоҷикистон мулоқот намуд

Сентябрь 3, 2022 09:34

ДУШАНБЕ, 03.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 1 сентябр Сафири Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семен Григорев мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Москва хабар доданд.

 

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба муносибати таъйин гардидан ба сифати Сафири Федератсияи Русия  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Семён  Григоревро табрик намуда, дар ин рисолати муҳим ба ӯ комёбиҳо таманно кард.

Зимни суҳбат  дар фазои анъанавии ҳусни эътимоду созанда роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои тамоми маҷмӯи шарикии стратегӣ ва муносибатҳои  ҳампаймонии Тоҷикистон ва Русияро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, Президенти Русия Владимир Путин 16 август бо як Фармон Семён Григоревро Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон таъйин кард. Ӯ дар ин маснад  Игор Лякин-Фроловро, ки Сафири Русия дар Тоҷикистон буд, иваз мекунад.

АКС: Сафорати ҶТ дар ФР

Сентябрь 3, 2022 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд