ФУТЗАЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Дубай сафар кард

Сентябрь 20, 2022 10:14

ДУШАНБЕ, 20.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба давраи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 таҳти роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов ҷамъомади хотимавии тамринии худро дар шаҳри Дубай оғоз кард, иттилоъ доданд ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид футзал  бо дастаҳои  маҳаллӣ чанд бозии санҷишӣ мегузаронад.

Бояд гуфт, ки дар  даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 27  сентябр то 8 октябр дар Кувайт баргузор мешавад, дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои мунтахаби  Баҳрайн (27 сентябр), Узбекистон (29 сентябр) ва бо Туркманистон (1 октябр) бозӣ мекунад.

Ҳайати  дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал

Дарвозабон: Фируз Бекмуродов, Фируз Бозмамадов (ҳарду – «Истиқлол»);

Бозингарон: Рустам Ҳамидов («Истиқлол»), Файзалӣ Сардоров, Муҳаммадҷон Шарипов, Дилшод Саломов, Некрӯз Алимаҳмадов, Идрис Ёров, Бахтиёр Солиев (ҳама– «Соро компания»), Иқбол Воситзода, Шавкат Ҳалимов, Собирҷон Гуляков, Умед Кузиев (ҳама – «Сипар»), Баҳодур Хоҷаев («Истаравшан»).

Сармураббӣ: Пайрав Воҳидов

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Сентябрь 20, 2022 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд