Гузаргоҳи марзии Ҷартеппаи Узбекистон муваққатан баста мешавад
ДУШАНБЕ, 03.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тайи даҳ рӯз — аз 5 то 16 сентябр гузаргоҳи сарҳадии Ҷартеппаи Узбекистон, ки бо Саразми Панҷакенти Тоҷикистон ҳаммарз мебошад, муваққатан баста мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Маҳдудият дар ин гузаргоҳи марзӣ, ки беш аз 10 шабонарӯз идома меёбад, ба баргузории нишасти сарони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки 15-16 сентябр дар шаҳри Самарқанд доир мегардад, иртибот дорад. Бо сабаби нишасти Сарони давлатҳои СҲШ мақомоти Узбекистон ҳатто фурудгоҳи Самарқандро барои се рӯз мебанданд.
Гузаргоҳи Ҷартеппа дар рӯ ба рӯи гузаргоҳи Саразми Тоҷикистон, дар марзи ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди Узбекистон бо ҷамоати Саразми шаҳри Панҷакенти вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Аз ин гузаргоҳ аз тарафи Тоҷикистон асосан сокинони Панҷакенту ноҳияи Айнӣ, онҳое, ки ба тамошои Самарқанду Бухоро мераванд ва ҳам онҳое, ки аз тариқи фурудгоҳи Самарқанд бо нархҳои арзонтар ба Русия сафар мекунанд, истифода мебаранд.
Инчунин 5-16 сентябр барои ҳаракати шаҳрвандон ва воситаҳои нақлиёт тавассути ин нуқтаи гумрукӣ маҳдудияти муваққатӣ ҷорӣ мегардад. Ин маҳдудият чанд мавриди истисноӣ дошта, дар ҳолатҳои зерин татбиқ намегардад:
- ба кормандони ташкилоти дипломатӣ ва байналмилалӣ;
- ба шахсоне, ки ба ҳайатҳои расмӣ (ҳукуматӣ) дохил мешаванд;
- ба кормандони ташкилоти хориҷӣ, ки дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон фаъолият мекунанд;
- ба ронандагоне, ки ба ҳамлу нақли байналмилалии бор машғуланд;
- ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки дар Узбекистон доимӣ зиндагӣ мекунанд;
- ба шаҳрвандони Узбекистон, ки дар Тоҷикистон доимӣ зиндагӣ мекунанд;
- ба шаҳрвандони Узбекистон ва Тоҷикистон, ки ба ватанашон бармегарданд;
- ба шаҳрвандони кишвари сеюм, ки ба Тоҷикистон мераванд.
АКС аз манбаъҳои боз








Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд






