«ХОНИКЕЙ ТОҶИК НАБУД…». Нависанда Қодири Рустам дар посух ба як дурӯғи машҳур, ки ду рӯз пеш Садир Жапаров дар қатори дурӯғҳои дигараш аз минбари СММ такрор кард

Сентябрь 22, 2022 13:03

ДУШАНБЕ, 22.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Халқҳои моро риштаҳои хешутаборӣ бо ҳам мепайванданд. Беваҷҳ нест, ки ҳамсари Манас – қаҳрамони машҳури мо, шоҳзодахонум Хоникей тоҷик будааст…» («Наши народы переплетены родственными узами. Недаром наш легендарный герой Манас был женат на таджикской царевне Каныкей…». Ин яке аз дурӯғҳое буд, ки президенти Қирғизистон 20 сентябр дар қатори дурӯғҳои дигараш аз минбари СММ такрор кард.

Барои чӣ дурӯғ аст, нависанда Қодири Рустам чунин далел меорад:

— Дурӯғҳо дар шарҳу тафсири осори адабӣ зиёданд; баъзе аз онҳо умри чандинасра доранд ва бо он ки дурӯғ буданашон дигар ҷойи тардид надорад, ҳоло ҳам ин ҷову он ҷо такрор мешаванд ва иддае ҳам ба онҳо бовар доранд…

Намедонам, маншаъи ин «кашф», ки Хоникей – ҳамсари Манас аз достони ҳамноми қирғизӣ тоҷикдухтар аст, дар куҷост: дар Қирғизистон ва ё Тоҷикистон, намедонам бори аввал ин суханро кӣ гуфта! Вале баъдан ончунон такрораш карданд, ки ба вежа дар Тоҷикистон забонзади хосу ом шуда…

<…> ин ки Хоникей – зани Манас тоҷик бошад, аз беху бунёд дурӯғ аст ва бофтаи замони шӯравӣ, ки ба дарди идеологияи <…> дӯстии халқҳо мехӯрду бас. Ягона чизе, ки шояд нахусткашшофи тоҷик будани Хоникей иттико ба он кардааст, ин аст, ки ин духтар – духтари хони Бухоро будааст… дигар ҳеҷ далеле…

Аммо, бо он ки аҳолии Бухоро ва гирду атрофи он ҳама тоҷиканд <…>, 1) пас аз Сомониён ҳеҷ хоне ва подшоҳе дар Бухоро тоҷик набудааст. 2) Манас тибқи пижуҳишҳои донишмандон воқеоти асрҳои 15-17-ро дар бар мегирад, ки дигар аз салтанати Сомониён дар Бухоро панҷ қарн сипарӣ шуда буд. 3) Хоникей духтари хон аст ва «хон» унвони ҳукмравоёни турку муғул аст; ва дар замони Чингизхон ҳеҷ касе ҷуз аз дудаи ӯ ҳақ надошт, ки худро «хон» биномад… 4) Падари Хоникей – хони Бухоро Темур ном дошт, ки <…> дар он замон тоҷикон фарзандони худро Темур наменомиданд. 5) Ниҳоятан, Хоникей на «Хоннигоҳ», чунонки баъзе «донишмандони» тоҷик шарҳ додаанд, балки «завҷаи хон» (яъне Манас) маъно дошт…

Хулоса, тоҷикдухтар будани Хоникей ҳеҷ асосе надорад ва дурӯғе беш нест. Ва онро набояд такрор кард.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 22, 2022 13:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази миллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд
Байни Вазорати маориф ва илм ва Идораи маорифи шаҳри Сежонги Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хонандаи шаҳри Душанбе дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот сазовори ҷойи якум гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 18 ҳазор нафар забони олмониро меомӯзанд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
11 сол қабл дар Тоҷикистон дохилшавӣ ба муассисаҳои олии касбӣ тавассути низоми тестӣ амалӣ гардид
Имрӯз даври якуми Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ оғоз гардид
Фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардид
Пагоҳ даври якуми Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз мегардад
Равоншиноси Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Сино Манижа Раҷабова ғолиби озмуни байналмилалӣ гардид
Шумо барои фарзандатон дар таътили тобистона реҷаи рӯз тартиб додаед?
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Барои дар ёфтани маркази имтиҳонӣ ба мушкил дучор нагардидан чӣ бояд кард?