Иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии СММ 13 сентябр ифтитоҳ меёбад
ДУШАНБЕ, 01.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. То ифтитоҳи иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии СММ ҳамагӣ чанд ҳафта боқӣ мондааст. Ҷомеаи дипломатии СММ, инчунин сокинони Ню-Йорк ба сафари солонаи сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои гуногуни ҷаҳон омодагӣ мебинанд. Дар ду соли қаблӣ иҷлосия бо сабаби чораҳои марбут ба COVID-19 дар шакли ғайриодӣ баргузор шуд. Ҷузъиёти зиёди вохӯриҳои дарпешистода ҳоло дар ҳоли муайян шудан аст, аммо чанд чорабинии муҳиме, ки аз 13 то 27 сентябр ба нақша гирифта шудаанд, аллакай маълуманд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти ин созмони ҷаҳонӣ.
Ҳар як иҷлосияро раиси нави Маҷмаи Умумӣ роҳбарӣ мекунад. Раиси кунунӣ — Абдулло Шаҳид аз Молдив аз мақомаш меравад ва Чаба Кёрёши аз Маҷористон масъулияти худро 12 моҳи оянда иҷро хоҳад намуд.
Интиқоли ваколатҳо рӯзи сешанбе, 13 сентябр сурат мегирад. Субҳи он рӯз Абдулло Шаҳид иҷлосияи 76-уми Маҷмаи Умумии СММ-ро ба итмом мерасонад ва иҷлосияи 77-ум ҳамон рӯз, соати 15:00 расман ифтитоҳ меёбад.
Чун анъана, таваҷҷуҳи ҳама ба ҳафтаи мубоҳисаҳои сатҳи баланд нигаронида мешавад. Маҳз дар ҳамон рӯзҳо дар атрофи СММ полисҳои зиёде ба чашм мерасанд, роҳбандиҳои калон сурат гирифта, шикоятҳои сокинони маҳаллӣ садо медиҳанд.
Рӯйдоди муҳим дар ин рӯзҳо Нишаст оид ба тағйирдиҳии маориф хоҳад буд, ки 19 сентябр дар қароргоҳи СММ баргузор мешавад. 16-17 сентябр дар пайи ин нишаст вохӯриҳои ҷавонон дар СММ дар робита ба ин мавзӯъ баргузор мегарданд.
Бояд гуфт, ки Маҷмаи Умумии СММ мақоми асосии машваратии СММ буда, ба он намояндагони ҳамаи давлатҳои аъзои Созмон дохил мешаванд ва ҳар кадоми онҳо як овоз доранд. Қарорҳо оид ба масъалаҳои муҳим, аз ҷумла масъалаҳои сулҳу амният ё қабули аъзои нав аз се ду ҳиссаи аксарияти овозро талаб мекунанд. Қарорҳо аз рӯи масъалаҳои дигар бо аксарияти овозҳо қабул карда мешаванд.
Маҷмаи Умумӣ ягона мақоми ҳамаҷонибае мебошад, ки барои сулҳу субот, пешравию рушд, аз байн бурдани камбизоатӣ ва бемориҳои сирояткунанда, бесилоҳкунӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва муҳити зист масъул аст.
ДАР АКС: Раиси интихобшудаи иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумӣ Чаба Кёрёши. Акс: СММ / Э. Дебебеф








Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд






