Иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии СММ 13 сентябр ифтитоҳ меёбад

Сентябрь 1, 2022 11:45

 ДУШАНБЕ, 01.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. То ифтитоҳи иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии СММ ҳамагӣ чанд ҳафта боқӣ мондааст. Ҷомеаи дипломатии СММ, инчунин сокинони Ню-Йорк ба сафари солонаи сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои гуногуни ҷаҳон омодагӣ мебинанд. Дар ду соли қаблӣ иҷлосия бо сабаби  чораҳои марбут ба COVID-19 дар шакли ғайриодӣ баргузор шуд. Ҷузъиёти зиёди вохӯриҳои дарпешистода ҳоло дар ҳоли муайян шудан аст, аммо чанд чорабинии муҳиме, ки аз 13 то 27 сентябр ба нақша гирифта шудаанд, аллакай маълуманд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти ин созмони ҷаҳонӣ.

Ҳар як иҷлосияро раиси нави Маҷмаи Умумӣ роҳбарӣ мекунад. Раиси кунунӣ — Абдулло Шаҳид аз Молдив аз мақомаш меравад ва Чаба Кёрёши аз Маҷористон масъулияти худро 12 моҳи оянда иҷро хоҳад намуд.

Интиқоли ваколатҳо рӯзи сешанбе, 13 сентябр сурат мегирад. Субҳи он рӯз Абдулло Шаҳид иҷлосияи 76-уми Маҷмаи Умумии СММ-ро ба итмом мерасонад ва иҷлосияи 77-ум ҳамон рӯз, соати 15:00 расман ифтитоҳ меёбад.

Чун анъана, таваҷҷуҳи ҳама ба ҳафтаи мубоҳисаҳои сатҳи баланд нигаронида мешавад. Маҳз дар ҳамон рӯзҳо дар атрофи СММ полисҳои зиёде ба чашм мерасанд, роҳбандиҳои калон сурат гирифта,  шикоятҳои сокинони маҳаллӣ садо медиҳанд.

Рӯйдоди муҳим дар ин рӯзҳо Нишаст оид ба тағйирдиҳии маориф хоҳад буд, ки 19 сентябр дар қароргоҳи СММ баргузор мешавад. 16-17 сентябр дар пайи ин нишаст вохӯриҳои ҷавонон дар СММ дар робита ба  ин мавзӯъ баргузор мегарданд.

Бояд гуфт, ки Маҷмаи Умумии СММ мақоми асосии машваратии СММ буда, ба он намояндагони ҳамаи давлатҳои аъзои Созмон дохил мешаванд ва ҳар кадоми онҳо як овоз доранд. Қарорҳо оид ба масъалаҳои муҳим, аз ҷумла масъалаҳои сулҳу амният ё қабули аъзои нав аз се ду ҳиссаи аксарияти овозро талаб мекунанд. Қарорҳо аз рӯи масъалаҳои дигар бо аксарияти овозҳо қабул карда мешаванд.

Маҷмаи Умумӣ ягона мақоми ҳамаҷонибае мебошад, ки барои сулҳу субот, пешравию рушд, аз байн бурдани камбизоатӣ ва бемориҳои сирояткунанда, бесилоҳкунӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва муҳити зист масъул аст.

ДАР АКС: Раиси интихобшудаи иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумӣ Чаба Кёрёши. Акс: СММ / Э. Дебебеф

Сентябрь 1, 2022 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Cафири Тоҷикистон бо раиси Бонки марказии Баҳрайн мулоқот намуд
Дар шаҳри Москва машваратҳои байниидоравии Тоҷикистону Русия доир гардиданд
Дар Душанбе муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ гардиданд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Баҳрайн дар бахшҳои гуногун баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон ба Подшоҳи Нидерланд эътимоднома супорид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ Винни Вэй Ванг мулоқот намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Озарбойҷон иштирок менамоянд
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия баргузор мегардад
Тоҷикистон ва Қирғизистон рушди мунтазами муносибатҳои дуҷонибаро таъкид карданд
Сафири Тоҷикистон бо Раиси иҷроии Фонди рушди саудӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт чорабинии тантанавӣ доир гардид