Иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 20.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. 30 сентябри соли 2022, соати 9:00 Иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид, хабар доданд дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».
Ба рӯзномаи иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум масъалаҳои «Гузориши раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №11, 15 ва 62», «Дар бораи ҷараёни татбиқи «Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳудуди пойтахт», « Дар бораи ҳисоботи муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои шаҳр ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2022–2023 дар шаҳри Душанбе», «Дар бораи татбиқи «Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2022» ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи эълони Солҳои рушди саноат, «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба замимаи 5 ва 6 қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 13 марти соли 2020», «Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе» ворид карда шудаанд.
Тибқи қарори дахлдор, барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст. Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯрда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум то 28 сентябри соли 2022 таклифҳои мушаххас пешниҳод менамоянд.
Ёдрас мешавем, ки Иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум 30 сентябри соли 2022, соати 09:00 дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ — 40 даъват карда мешавад.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






