Имрӯз дар Москва ҷаласаи Машварати роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти иктишофии кишварҳои узви ИДМ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 30.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 30 сентябри соли 2022 дар Москва ҷаласаи XVIII роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти иктишофии кишварҳои узви ИДМ оид ба фаъолияти иктишофӣ баргузор мешавад.
Дар чорабинӣ ҳайатҳои вакилони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Федератсияи Россия иштирок мекунанд.
Дар чаҳорчӯби кори ин ниҳоди машваратӣ баргузории мулоқоти Президенти Россия бо роҳбарони хадамоти вижаи кишварҳои Иттиҳод тавассути конфронси видеоӣ дар назар аст.
Чорабиниро директори Хадамоти иктишофии хориҷии Россия С.Е. Наришкин бо хондани муроҷиатномаи Президенти ФР В.В. Путин ифтитоҳ менамояд. Соати 12:30 баргузории нишасти матбуотӣ бо иштироки роҳбарони хадамоти махсуси кишварҳои ИДМ дар назар аст.
АКС аз манбаъҳои боз








Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид






