ҚИРҒИЗИСТОН ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ РАВАНДИ ҲИССИ БАДБИНИИ МИЛЛИРО БА РОҲ МОНДААСТ. Он дар оянда метавонад суботи минтақавиро халалдор намояд

Сентябрь 22, 2022 11:29

ДУШАНБЕ, 22.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Президенти Қирғизистон Садир Жапаров бо он ки худ фарди олами ҷиноӣ ва ҳатто террористхислат аст, дар муроҷиате ба унвони мардумаш баҳри шахсияташро аз айбҳову ҷиноятҳо орӣ нишон додан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони «кишвари душман» ном бурд. Ҳамин мавқеъгирии Садир Жапаров возеҳона аз хиради пасти сиёсӣ, роҳбари ноқобил, фарди олами ҷиноӣ, ҷинояткори маккор ва иғвобарангез будани ӯ башорат медиҳад»,-мегӯяд устоди Донишгоҳи  давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Абдулло ДАВЛАТЗОДА.

Таҳлили авзои сиёсии минтақа нишон медиҳад, ки дар Осиёи Марказӣ  роҳбарони вақти Қирғизистон ҷараёнҳои ҳисси бадбинии миллиро инкишоф дода истодаанд, ки ин раванд метавонад дар оянда суботи минтақавиро дар Осиёи Марказӣ халалдор намояд. Тезутундшавии муносибатҳо дар Осиёи Марказӣ на танҳо барои мардумони минтақа, балки барои башарият пайомадҳои нохуб ба бор меоранд.

Тобиши низомӣ гирифтани масъалаи сарҳадии Қирғизистон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1989 то ҳол идома дорад. Дипломатияи носолим, таҷрибаи нокифояи роҳбарони сиёсӣ, мафкураи асримиёнагии давлатдорӣ, мавқеъгирии сиёсии дорои хусусияти ҷиноиву ҳарисонаи роҳбарони Қирғизистон онҳоро водор  менамояд, ки дар муносибатҳои ҳамҷаворӣ  аз принсипҳои сиёсати носолим ва иғвобарангез истифода намоянд. Ба қавле, «гап дигару амал дигар».

Аз сабаби ивазшавии пайдарпайи ҳукуматдорон дар Қирғизистон татбиқи  ҳуҷҷатҳои ба тасвибрасида роҳандозӣ намешавад. Ҳамин масъала боис мешавад, ки мушкилоти сарҳадӣ миёни Қирғизистон ва кишварҳои ҳамсояи он пайваста шакли низоъро гирад. Воқеияти бештар аз се даҳаи охир нишон медиҳад, ки Қирғизистон пайваста бо ҳамсоягони худ мушкили сарҳадӣ доштааст ва ин масъала ҳар лаҳза сабаби  ташаннуҷи низомӣ мегардад.

Саривақтӣ мебуд, ки ҷаҳон дар муқобили роҳбарони ҷиноятпешаи Қирғизистон бо фаросат ва мавқеъгирии солими сиёсӣ ба ҳам омада, як ҳукумати ояндаандешро дар ин мамлакат ба сари қудрат оваранд. Аз сўи дигар, Созмони Миллати Мутаҳид, махсусан Шўрои амнияти СММро мебояд ҳодисаҳои охири дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон ба амаломадаро воқеъбинона пайгирӣ намуда, нисбат ба ҷиноятҳои одамкушии бераҳмонаи Садир Жапаров ва Қамчибек Тошиев дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ чораҷўӣ намояд. Агар вазъ чунин идома ёбад, новобаста ба он ки миллати тоҷик таърихан аз ваҳдатсолорону сулҳхоҳони башар аст,  баҳри ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, суботу осоиштагӣ, якпорчагиву дахлнопазирии Тоҷикистон дар муқобили ҳар неруи ишғолгару паймоншикан ва таҷовузкору истисморгар бо иродаву матонати миллӣ сар боло хоҳад кард, ки натиҷаи он дарси хуби ибратомӯзе барои истисморгарони таҷовузкор хоҳад шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 22, 2022 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази миллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд
Байни Вазорати маориф ва илм ва Идораи маорифи шаҳри Сежонги Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хонандаи шаҳри Душанбе дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот сазовори ҷойи якум гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 18 ҳазор нафар забони олмониро меомӯзанд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
11 сол қабл дар Тоҷикистон дохилшавӣ ба муассисаҳои олии касбӣ тавассути низоми тестӣ амалӣ гардид
Имрӯз даври якуми Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ оғоз гардид
Фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардид
Пагоҳ даври якуми Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз мегардад
Равоншиноси Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Сино Манижа Раҷабова ғолиби озмуни байналмилалӣ гардид
Шумо барои фарзандатон дар таътили тобистона реҷаи рӯз тартиб додаед?
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Барои дар ёфтани маркази имтиҳонӣ ба мушкил дучор нагардидан чӣ бояд кард?