Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои сайёҳии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тариқи маҷозӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 29.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 28 сентябр дар Минск ҷаласаи Шӯрои сайёҳии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар кори он Раиси Кумитаи рушди сайеҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода тариқи маҷозӣ иштирок намуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ҷаласа намояндагони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон, Котиботи Шӯрои ПАА ИДМ ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат намуданд.
Дар кори ҷаласа иштирокдорон масъалаҳои мубрами рушди сайёҳӣ, яъне дурнамои ҳамкории кишварҳои ИДМ, ҳамкории давлатҳо барои пешрафти ин соҳа, табодули таҷриба дар идоракунии бахши сайёҳӣ, аз ҷумла истифодаи иқтидори Роҳи бузурги абрешим, агротуризм ва сайёҳии саломатиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин масъалаи таъсиси Ҷоизаи байналмилалӣ барои рушди сайёҳӣ дар кишварҳои муштаракулманофеъ баррасӣ шуда, нақшаи чорабиниҳо барои соли 2023 қабул гардид.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои сайёҳӣ ва Намоишгоҳи сайёҳии кишварҳои узви ИДМ соли 2023 дар Қазоқистон баргузор мешавад.
АКС аз бойгонӣ








Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд






