Неруҳои амниятии Ироқ вилояти Басраро зери назорат гирифтанд

Сентябрь 2, 2022 13:19

ДУШАНБЕ, 02.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Неруҳои амниятии Ироқ вазъ дар вилояти Басраро, ки рӯзи панҷшанбе дар он даргириҳои мусаллаҳона ба вуқӯъ пайвастанд, таҳти назорат гирифтанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии «INA» иттилоъ медиҳад, дар ин бора раиси вилоят Асад ал-Айданӣ хабар дод.

«Вазъ дар Басра таҳти назорат аст ва таҳдиде вуҷуд надорад, неруҳои амниятӣ тартиботро таъмин мекунанд», — менависад агентии иттилоотии «INA» аз қавли раиси вилоят.

Қаблан шабакаи телевизионии «Al Jazeera» дар бораи задухӯрд миёни ҷонибдорони Имом Муқтадо Ас-Садр ва намояндагони сарбозони шиамазҳаби низомии «Асоиб Аҳл-ал-Ҳақ» хабар дода буд, ки дар натиҷаи он як нафар кушта ва ду нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Бино ба гузориши шабакаи телевизионии «Alsumaria», дар задухӯрд ҷангиёни воҳидҳои ҳарбии «Сарой ас-Салом» (дастаҳои сулҳ) низ ширкат кардаанд.

АКС: euronews.com

Сентябрь 2, 2022 13:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд