Ҷонибек Ҳикмат дар ҷаласаи ғайрирасмии Шӯрои амнияти СММ иштирок ва суханронӣ намуд

Сентябрь 1, 2022 10:50

ДУШАНБЕ, 01.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат 31 август дар  ҷаласаи ғайрирасмии Шӯрои амнияти СММ дар қолаби «Формулаи Ария» таҳти мавзӯи «Таҳдид ба сулҳ ва амнияти байналмилалӣ, ки бар асари фаъолияти гурӯҳҳои террористии  фаромиллӣ ба вуҷуд меояд» иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ хабар медиҳад.

Ҷонибек Ҳикмат дар бораи талошу иқдомҳои кишвар дар самти пешгирӣ ва мубориза бо таҳдиду чолишҳои амниятӣ маълумоти муфассал манзур намуд.

Инчунин Намояндаи доимии кишвар дар СММ ба иштирокдорони ҷаласа иттилоъ дод, ки 18-19 октябри соли 2022 дар ш. Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз интиқоли террористҳо» баргузор мегардад ва даъват намуд, ки дар чорабинии сатҳи баланди мазкур иштирок намоянд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, конфронси мазкур дар ҳамкорӣ бо СММ, САҲА, ИА ва дигар шарикони байналмилалӣ баргузор гардида, идомаи мантиқии «Раванди Душанбе», ки моҳи майи соли 2019 зимни аввалин конфронси минтақавии Дафтари зиддитеррористии СММ, ки муштаракан бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардидааст, маҳсуб мешавад.

Бояд гуфт, ки конфронс вазирон ва шахсони расмиро аз давлатҳои узви СММ, ниҳодҳои Паймони ҷаҳонии зиддитеррористии СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ, коршиносони соҳаи таъмини бехатарии сарҳадот ва дигаронро ҷиҳати табодули назар оид ба роҳҳои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад барои муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо гирди ҳам меоварад.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан низ дар ҳамкорӣ бо СММ, САҲА, ИА ва дигар шарикони байналмилалӣ ду Конфронси сатҳи баланди байналмилалиро бахшида ба мавзӯи мубориза бо терроризм ва экстремизм дар солҳои 2018 ва 2019 дар шаҳри Душанбе муваффақона баргузор намуд.

Интизор меравад, ки аз натиҷаи конфронс «Эъломияи Душанбе оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» қабул гардад.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз 19 август сабти номи намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷиро ҷиҳати иштирок дар пӯшиши иттилоотии Конфронси зиддитеррористии Душанбе оғоз кард.

Намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷиро зарур аст, ки ҷиҳати иштироки худ дар пӯшиши иттилоотии конфронси мазкур ба Раёсати иттилоот ва матбуоти вазорат муроҷиат намуда, маълумоти марбутаро бо тартиби муқарраргардида тариқи почтаи электронии pressaccreditation@mfa.tj (Тел: +992-37-221-43-69; +992-37-221-83-95) то 15 сентябри соли 2022 манзур намоянд.

Ҳамзамон тақозо мегардад, ки иштирокчиёни ҳамоиш дар торнамои расмии конфронс (https://www.dushanbectprocess.org/) то 30 сентябри соли 2022 аз раванди бақайдгирӣ гузаранд.

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ

Сентябрь 1, 2022 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Ассотсиатсияи табибони «Avicenna» вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Палатаи муштараки тиҷоратии Швейтсария баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси Маркази миллии ҳамкории судии байналмилалии Ироқ мулоқот намуд
Қоҳир Расулзода бо роҳбари Бюрои рушди иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ Космос Завазава мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд
Дар шаҳри Абу Забӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар Давҳа 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид