Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Карли III барқияи табрикӣ ирсол намуданд

Сентябрь 12, 2022 15:30

ДУШАНБЕ, 12.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ муҳтарам Карли III барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Аълоҳазрат,

Бо камоли сарфарозӣ ба Шумо табрикоти самимона ва таманниёти неки ин ҷонибро ба муносибати ба даст гирифтани зимоми умури Подшоҳи Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ иброз менамоям.

Ба Шумо сиҳатмандии комилу дар иҷрои ваколатҳои сермасъулатон комёбиҳои рӯзафзун, ба Подшоҳии Муттаҳида ва мардуми он сулҳу субот ва пешрафту шукуфоии пойдор хоҳонам.

Британияи Кабир соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар қатори аввалинҳо ба расмият пазируфт ва дар ибтидои соли равон мо 30-солагии истиқрори робитаҳои дипломатии байни давлатҳоямонро ҷашн гирифтем.

Раванди рушди муносибатҳои ҳамкории ду кишвар тайи ин давра боиси қаноатмандии мост ва ҷониби Тоҷикистон ҳамеша алоқаманди таҳкими бештари он дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошад.

Изҳори умед менамоям, ки бо талошҳои пайгиронаи муштарак шарикии созандаи кишварҳоямон минбаъд низ дар маҷрои усулҳои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми якдигар ва мутобиқ ба манфиатҳои аслии ду ҷониб густаришу тавсеа хоҳад ёфт.

Лутфан, Аълоҳазрат, эҳтироми фоиқаи моро бипазиред».

Сентябрь 12, 2022 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд