Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш суҳбати телефонӣ анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 01.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Антониу Гутерриш доир гардид.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо атрофи ҳолати кунунӣ ва ояндаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид мубодилаи афкор анҷом доданд.
Дар ин зимн маҷмӯи масъалаҳои мубрами рушди устувор, таъмини сулҳу субот ва амнияти минтақавӣ баррасӣ гардид. Пешвои миллат омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати идомаи ҳамкории созанда бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои сохтории он дар самтҳои мазкур иброз доштанд.
Ҳамчунин, вазъи имрӯзаи Афғонистон, масъалаҳои вобаста ба тақвияти сарҳадоти Тоҷикистон бо ин кишвари ҳамҷавор ва идомаи расонидани кумакҳои башарӣ ба мардуми азияткашидаи Афғонистон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Дар хотимаи суҳбат Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ба сиёсати мутавозин ва мавқеи оқилонаи Сарвари давлати мо ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳаллу фасли масъалаҳои рӯзмарраи минтақавӣ ва байналмилалӣ баҳои баланд доданд.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар






