Раиси Шӯрои директорони ҶДММ «Ғаюр Гурӯҳ» Акбар Асадулло: «Имрӯз вақти дар амал собит кардани ватандӯстии мо расидааст»
ДУШАНБЕ, 23.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Муассис ва Раиси Шӯрои директорони ҶДММ «Ғаюр Гурӯҳ» Акбар Асадулло ба ҳар як оилаи афсару аскари фавтида 10 000 сомонӣ, захмигашта 5 000 сомонӣ, ба оилаҳое, ки аъзояшон ҳалок гардидаанд 5 000 сомонӣ ва барои навсозии биноҳои маъмуриву манзилҳои истиқоматии сокинон, ки дар натиҷаи ҳуҷуми таҷовузкоронаи низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон ба Исфара хароб шудаанд 100 тонна семент кумак намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар ҶДММ «Ғаюр Гурӯҳ» иттилоъ доданд.
Акбар Асадулло зикр намуда, ки «дар чунин лаҳзаҳои душвори Ватан мо набояд бетараф бошем. Ҳар кадоме бояд тавре ки метавонем дар ҳимояи марзу буми хеш саҳм гузорем. Имрӯз вақти дар амал собит кардани ватандӯстии мо расидааст».
«Лозим шавад, дар роҳи ҳифзи Ватан ҷонамонро нисор мекунем. Биёед, дасти ба даст гирифта, сарзамини аҷдодиамонро ҳифз намоем. Дар ин лаҳзаҳои душвор ҳамдарду мададгори сарбозони Ватан бошем», — мегӯяд ӯ.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дод, 21 сентябр бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии иҷтимоию иқтисодии сокинони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки аз низоъҳои наздисарҳадӣ зарар дидаанд ва аъзои оилаҳои қурбониён аз пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе корвони пурбори мошинҳо иборат аз 45 техникаи калони боркаш бо кумакҳои моддии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд равон карда шуд. Кумаки навбатии башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз маводи хӯрока, сӯзишворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ иборат аст.
Кумаки зикршуда асосан оилаҳои сокинони ҷамоатҳои Чоркуҳ, Лаккон, Чилгазӣ, Кулканд, Зумрад, Сурх, Ворухи шаҳри Исфара ва ҷамоатҳои Овчиқалъача ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро фаро гирифта, нишонаи ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мардуми аз низоъҳои наздисарҳадӣ зарардида, оилаҳои сарбозони шаҳид ва аҳолии осоиштаи қурбоншуда мебошад.
АКС: Facebook /АМИТ «Ховар»










«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд






