Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба варзишгари тоҷик Эмомалии Нуралӣ хонаи 2-ҳуҷрагӣ туҳфа намуданд

Сентябрь 5, 2022 13:44

ДУШАНБЕ, 05.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ варзишгари ҷавон — дастпарвари «Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №6 оид ба намудҳои гӯштин»-и шаҳри Душанбе, чемпиони ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон Эмомалии Нуралиро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Зимни мулоқот ҳамчун нишони қадрдонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба чемпиони ҷаҳон Эмомалии Нуралӣ калиди хонаи 2-ҳуҷрагӣ бо тамоми шароити рӯзгор дар пойтахт тақдим гардид.

Раиси шаҳри Душанбе Эмомалии Нуралиро, ки дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо миёни ҷавонон иштирок карда, медали тиллоро соҳиб гашт ва Парчами давлатии Тоҷикистонро баланд бардошт, таҳният гуфтанд.


Хотиррасон менамоем, ки аз 7 то 12 август дар шаҳри Гуайкили Эквадор Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо миёни ҷавонон баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур 373 варзишгар аз 63 давлати дунё иштирок намуданд. Эмомалии Нуралӣ дар ин мусобиқаи бонуфуз дар вазни 66 кг тавонист ҳамаи ҳарифони худро шикаст диҳад ва унвони чемпиони ҷаҳонро соҳиб гардад.

Раиси шаҳри Душанбе ба варзишгар дар мусобиқаҳои оянда барору музаффарият таманно намуда, иброз намуданд, ки ҷавонони бо нангу номус муарриф ва номбардори ватани хеш маҳсуб меёбанд ва ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат қарор доранд.

АКС: шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Сентябрь 5, 2022 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад