Раисони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Узбекистон дурнамои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 21.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 20 сентябр дар шаҳри Тошканд мулоқоти Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Узбекистон Қудратилло Рафиқов баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар оғози суҳбат ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба ва раванди иҷрои бандҳои Ёддошти ҳамкорӣ миёни федератсияҳои иттифоқҳои касабаи ҳарду кишвари дӯст ба имзорасидаро мавриди баррасӣ қарор дода, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Узбекистон, ки ҳамзамон масъулияти Котиби генералии Шӯрои иттифоқҳои Осиёи марказиро ба уҳда дорад, оид ба рӯзномаи ҷаласаи навбатиии шӯро маълумот пешниҳод намуд.
Маликшо Неъматзода зимни мулоқот ба ҳамтои узбекистониаш оид ба воқеаҳои рӯзҳои охир дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон рухдода маълумоти муфаассал пешниҳод намуд.
Мулоқоти мазкур дар доираи ҷаласаи дуюми Шӯрои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Акс: ФИКМТ








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Қоҳира ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви СҲШ доир мегардад
Сафири Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Бонки марказии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид






