Сафири Тоҷикистон бо муовини Сарвазир ва Котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамгироии аврупоии Молдова мулоқот намуд

Сентябрь 30, 2022 13:32

ДУШАНБЕ, 30.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 28 сентябр дар шаҳри Кишинёв мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова Давлаталӣ Назризода бо муовини Сарвазир, Вазири инфрасохтор ва рушди минтақавии ин кишвар Андрей Спину сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамоии рушди ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Молдова мубодилаи афкор намуда, ба мустаҳкам кардани пойгоҳи шартномавӣ-ҳуқуқӣ, таҳким ва рушди ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, афзоиши гардиши мол ва баргузор намудани ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Молдова оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ диққати махсус доданд.

Инчунин 28 сентябр Сафир Тоҷикистон дар Молдова Давлаталӣ Назризода бо котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамгироии Ҷумҳурии Молдова Руслан Болбочан мулоқот намуд.

Зимни гуфтушунид ҳолати кунунӣ ва дурнамоии рушди муносибатҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба масъалаҳои мустаҳкам кардани пойгоҳи шартномавӣ-ҳуқуқӣ, рушди ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва баргузор намудани ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Молдова оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ, ҳамкории байнипарлумонӣ, гузаронидани машваратҳои сиёсии байниидоравӣ ва омодагиҳо ба таҷлили 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Молдова таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид.

Акс: ВКХ ҶТ

Сентябрь 30, 2022 13:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Низоми бидуни раводид байни Тоҷикистон ва Эрон пурра ба татбиқ расид
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо вазири авқофи Кувайт мулоқот намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Президенти Шурои ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд