ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 сентябр, сешанбе, 263-юмин рӯзи соли 2022 аст

Сентябрь 20, 2022 08:00

20 сентябри соли 2010 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси умумии сатҳи олии Маҷмаи кулли СММ бахшида ба масъалаҳои Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола суханронӣ намуданд.

***

9 сол пеш, 20 сентябри соли 2013 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Сочии Федератсияи Россия сафар карданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Ню-Йорк Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуда, яке аз аввалинҳо шуда, суханронӣ карданд.

20 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии варзиши донишҷӯён.

***

Дар Беларус – Рӯзи гумрукчиён.

***

Дар Қирғизистон – Рӯзи соҳибкорон.

 

РӮЙДОДҲО:

20 сентябри соли 2018 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ»ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ карданд.

***

3 сол пеш, 20 сентябри соли 2019 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди «Шаҳраки Сомониён» дар ноҳияи Файзобод санги асос гузоштанд

***

6 сол пеш, 20 сентябри соли 2016 узви собиқи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс Сергей Харитонов дар рӯйхати навшудаи беҳтарин муборизони ҷаҳон шомил шуд.

***

20 сентябри соли 1902 дар натиҷаи сӯхтор дар калисои шаҳри Бирмингеми Англия зиёда аз 100 нафар ба ҳалокат расиданд.

 ***

Дар ин рӯзи соли 1992 аксарияти аҳолии Фаронса дар раъйпурсӣ барои шомил шудани кишварашон ба ҳайати Иттиҳоди Аврупо овоз доданд.

***

20 сентябри соли 1993 Парлумони Озарбойҷон барои шомил шудан ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қарор қабул кард.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2016 Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маҷаллаи стратегии «Тоҷикистон: 25 соли истиқлолияти давлатӣ» — ро нашр намуд.

***

Дар  ҳамин рӯзи соли 1802 дар Россия аввалин маротиба вазоратҳои мудофиа, корҳои хориҷӣ ва корҳои дохилӣ таъсис дода шуданд.

Сентябрь 20, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш