Тоҷикистон дар даври ниҳоии мусобиқаи «King’s Cup 2022» бо дастаи мунтахаби Малайзия бозӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 24.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Малайзия барои ба даст овардани 48-умин «Ҷоми подшоҳӣ-2022» дар Мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022» бо ҳам рақобат мекунанд. Бозӣ миёни дастаҳо 25 сентябр, соати 18:30 ба вақти Душанбе дар шаҳри Чиангмайи Таиланд баргузор мешавад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар бозии даври нимниҳоӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 2 бар 1 дастаи мунтахаби яккачини Тринидад ва Тобагоро мағлуб кард. Дастаи мунтахаби Малайзия бо ҳамин натиҷаи 2 бар 1 дастаи миллии Таиландро шикаст дод.
Ёдовар мешавем, ки дастаҳои мунтахаби Таиланд ва Тринидад ва Тобаго барои ба даст овардани медалҳои биринҷӣ 25 сентябр, соати 15:30 ба вақти Душанбе рақобат мекунанд.
Мусобиқаи 48-уми байналмилалии «King’s Cup 2022» |1/2 ниҳоӣ
Тринидад ва Тобаго 1:2 ТОҶИКИСТОН
Голҳо: Ҷуда Гарсия ’27, Муҳаммадҷон Раҳимов ‘47, Эҳсони Панҷшанбе ‘75
Чиангмай, Таиланд, варзишгоҳи «The 700th Anniversary of Chiang Mai»
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд






