Тоҷикистон дар Мусобиқаи 48-уми байналмилалии «King’s Cup 2022» соҳиби ҷом ва медали тилло шуд
ДУШАНБЕ, 26.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар даври ниҳоии Мусобиқаи 48-уми байналмилалии «King’s Cup 2022» дар Таиланд дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Малайзия барои дарёфти ҷом миёни ҳам рақобат карданд. Футболбозони тоҷик зери роҳнамоии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт тавонистанд, ки дар аввалин иштирок дар Мусобиқаи 48-уми байналмилалии «King’s Cup-2022» соҳиби ҷому медалҳои тиллоӣ гарданд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Бозии дастаҳо дар шаҳри Чианг Майи Таиланд дар варзишгоҳи «The 700th Anniversary of Chiang Mai» хеле ҷолиб доир гардида, бар нафъи дастаи мунтахаби Тоҷикистон хотима ёфт.
Дар бозии ниҳоӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Малайзия рақобат кард. Вақти асосии вохӯрӣ мусовӣ – 0:0 анҷом ёфт. Дар силсилазарбаҳои пеналти футболбозони мо маҳорати баланд нишон дода, бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуданд. Дарвозабони мо Рустам Ятимов ду пеналтиро баргардонд.
Мусобиқаи 48-уми байналмилалии «King’s Cup 2022»
Финал
Малайзия – ТОҶИКИСТОН – 0:0. Аз рӯйи силсилаи пеналти – 0:3
Беҳтарин бозингари бозӣ: Рустам Ятимов (Тоҷикистон).
25 сентябр. Чиангмай, Тайланд. Варзишгоҳи «The 700th Anniversary of Chiang Mai».
Ёдовар мешавем, ки дар даври нимниҳоӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи мунтахаби Тринидад ва Тобаго бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда буд. Голҳои Муҳаммадҷон Раҳимов ва Эҳсони Панҷшанбе ба дастаи мо пирӯзӣ оварданд.
Мусобиқаи 48-уми байналмилалии «King’s Cup 2022»
1/2 ниҳоӣ
Тринидад ва Тобаго – ТОҶИКИСТОН – 1:2
Голҳо: Яҳудо Гарсия, 27 (1:0). Муҳаммадҷон Раҳимов, 47 (1:1). Эҳсони Панҷшанбе, 75 (1:2).
Акс: ФФТ








«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид






